Пн09242018

Last updateПт, 21 Сен 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ

Табрикоти раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабзода Миралӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Бисту ҳафт сол мешавад, ки Тоҷикистони маҳбуби мо ва мардуми шарифи он иди Истиқлолияти давлатии кишварро таҷлил менамоянд ва дар фазои давлати озоду соҳибихтиёр баҳри гулгулшукуфии Ватани азизамон ҷаҳду талош меварзанд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми сокинони ноҳияро ба ин ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон-27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон самимона муборакбод менамоям.Ин муддат барои таърих чандон фурсати тӯлонӣ набошад ҳам, Ҳукумати  Ҷумҳурӣ дар ин муҳлати кӯтоҳ тавонист, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори Ватанамонро таъмин намуда, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорад, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшида, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқи кишвар  равона созад.

Бо шарофати истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ боло рафта, ташаббусҳои кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ пазируфта мешавад.

Имрӯз Тоҷикистон хамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли масоили умдаи сиёсию иқтисодии ҷаҳон ширкат меварзад ва андешаи хешро изҳор менамояд.

Чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд «Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии миллию таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард».

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои сифатан нав ворид гардида, сол то сол пеш мераванд. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи тадбирҳоро амалӣ намуда истодаанд, ки сифати хизматрасониҳо дар низоми маорифу тандурустӣ баланд гардида, ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ расонида шавад.

Имрӯз бо сарафрозӣ ва шукрона аз  соҳибватанию соҳибистиқлолӣ бояд қайд намоем, ки дар даврони истиқлолият дар ҳаёти сокинони ноҳияи мо низ пешравиҳои назаррас ба даст омаданд. Сокинони бонангу ор ва меҳнатқарину ватандӯсти ноҳия дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва озодии комил кору зиндагӣ намуда, пайваста саъю талош меварзанд, ки бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳми сазовор гузоранд. Бо баракати истиқлолияти комил, ваҳдату осоиштагӣ, ѓамхорию дастгириҳои доимии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии сокинони ноҳия сол аз сол сифатан беҳтар гардида, дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёту иқтисодиётамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. 

Дар зарфи ин солҳо буҷаи ноҳия ба суръат афзуда, маблаѓгузориҳо  ба соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок ҳамасола зиёд мегардад. Ҳар сол дар ноҳия  биноҳои нави муассисаҳои таълимию тандурустӣ сохта  ба истифода дода шуда, ба таври замонавӣ таҷҳизонида мешаванд. Дар  соли ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳия 5 муассисаи таълимӣ сохта мешавад, ки ду адади он аллакай мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Соҳаи тандурустӣ низ то охири сол дорои 6 адад муассисаҳои нав мегардад.  Кишоварзони ноҳия баҳри пурнозу неъмат гардонидани дастурхони сокинони мамлакат аҳлона меҳнат намуда, истеҳсоли ҳама навъҳои маҳсулотро сол аз сол зиёд намуда истодаанд. Онҳо соли равон дар асоси  дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ҷиҳати васеъ намудани майдони кишти картошкаю сабзавот ва бунёди боѓҳо  майдони кишти картошкаро ба 820 гектар, сабзавотро ба 711 гектар расонида, дар майдони 297 гектар боѓу токзори нав бунёд намуданд.

 Дар соҳаи сохтмону меъморӣ низ тули солҳои охир дигаргуниҳои чашмрас ба амал омаданд. Симои шаҳраку деҳотҷои ноҳия сол то сол ободтару зеботар мегардад. Сохтмони мактабу синфхонаҳо, бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва иншооти хизматрасонию ободонӣ, ки солҳои охир ба истифода дода шудаанд, ба ҳусни ноҳия ҳусн зам намуда, симои онро ба куллӣ таѓйир додаанд.  

Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия дар асоси нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалисозии Амри Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 № 1059 корҳои  ободонию бунёдкорӣ босуръат идома доранд. Тибқи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия  ба истифода додани 352 адад иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ, иҷтимоиёту фарҳанг ва дигар соҳаҳои хизматрасонӣ дар назар аст, ки ба пешрафти иқтисодияту  таъмини зиндагии шоистаи сокинон мусоидат хоҳад намуд.         Бо шукронаи зиёд бояд изҳор намоем, ки ҳамаи ин дастоварду муваффақиятҳои ҳаётамон бевосита аз файзи Истиқлолияти давлатии Ватани  азизамон сарчашма мегирад.

Ҳамдиёрони азиз!

Бори дигар  тамоми сокинони ноҳияро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, ба ҳар як сокини ноҳия саломатӣ, барору комёбиҳо ва ба ҳар хонадони мардуми ноҳия ободиву осоиш, хушбахтиву хушрӯзӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Зинда бод Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Иди Истиқлол муборак, ҳамдиёрони азиз!       