Пн09242018

Last updateПт, 21 Сен 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ҚАДРДОНӢ

  Меҳнату заҳмати шабонарӯзии омӯзгор ҳеҷ вақт беподош намемонад. Соҳибилм гардидану фахри ҷомеа шудани шогирдон худ самараи заҳматҳои кашидаи устод аст. Илова бар ин давлату ҳукумати мамлакат соҳаи маорифро дар мадди аввал гузашта, пайваста ба соҳаи мазкур диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Аз сӯйи дигар, таълимдиҳандагони наслҳои ҷавонро ҳавасманд мегардонад. Далелаш ин ки арафаи соли хониш 6 нафар омӯзгорони диёр, Каримова Фазолат, Шамсов Мансур, Зоиров Назаралӣ, Нуруллоев Давлатшоҳ, Улфатов Изатулло ва Табарова Моҳбӣ аз муассисаҳои таълимии рақамҳои 1, 7, 23, 27, 38 ва ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 4 барои фаъолияти хубу босамар ва меҳнати софдилонаашон дар рушду инкишоф ва донишандӯзии ҷавонону наврасон бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Ба ин муносибат эшонро муборакбод мегӯем.  

                                                                                                   «НФ».