Пт11162018

Last updateЧт, 15 Нояб 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ТУҲФА БА МАЪЮБОН

 

Эҳсону дасти кӯмак дароз намудан ба маъюбону ниёзмандон аз амалҳои наҷиби инсонист. Инро сарвари давлат пайваста дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд. Зери партави хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ якҷо бо имомхатибони масҷидҳои ҷомеъи ҳудуди ноҳия ба истиқболи 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии кишвар ба як нафар маъюб аз деҳаи Синои Ҷамоати деҳоти Вашгирд хонаи истиқоматӣ месозанд. Корҳои сохтмонӣ барои рехтани таҳкурсии бино оғоз гардид. Зимни суҳбат мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Бегназар Шоев гуфт, ки: “Давлату ҳукумат пайваста ғамхори ниёзмандон аст. Мо ҳам бо имомҳатибон тасмим гирифтем, ки  ин сиёсати пешгирифтаро  ҷонибдорӣ намоем. Ба ҳамин хотир иқдом кардем, ки ба маъюби гурӯҳи якум Сафарова Меҳрангез аз деҳаи Сино хонаи истиқоматӣ иборат аз ду ҳуҷра, ошхона ва ҳаммом мутобиқ ба меъёрҳои сохтмонӣ ва барои истифодаи маъюб қулай то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар сохта ба истифода диҳем”.

Маврид ба зикр аст, ки иқдоми  масъулини бахши мазкур аз ҷониби  дигар ташкилоту муассиса ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дастгирӣ ёфт. Ҳамин буд, ки дар шафати бинои болозикр  масъулини Ҷамоати деҳоти Мискинобод (раисаш Ҳ. Шоев) низ тасмим гирифтаанд, ки  ба се нафар маъюби як оила аз деҳаи Муъминобод  чунин хонаи истиқоматиро бунёд намоянд.

Бинои истиқоматии маъюбон дар маҳаллаи навбунёди ба номи Қурбон Назиров дар маркази ноҳия қомат рост  хоҳад кард.