Пн10222018

Last updateПт, 19 Окт 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

АХБОРИ КИШОВАРЗӢ

 

Ҳафтаи охир ҷамъоварии ғаллазор дар ноҳия ба 2100 гектар расида 3570 тонна ҳосил бардошта шуд, ки ҳосилнокӣ ба ҳар гектар 17 сентнерӣ аст.

Деҳқонони асил дар баробари ҷамъоварии дастаҷамъона  кӯшиш доранд ҳарчи зиёдтар барои зимистонгузаронии чорво хошок захира намоянд.

Аз дарави бари аввали 2 ҳазор гектар юнучқазор 14 ҳазор тонна ва аз майдони 2100 гектар ғаллазор ба миқдори ҳазор тонна коҳ ҷамъоварӣ карда шудааст.

Ҷамъоварии дастранҷи майдони картошкаи барвақтӣ низ оғоз гардидааст. То  имрӯз ҳосили 50 гектар майдон ҷамъоварӣ намуда 850 тонна картошка ба бозорҳо бароварда шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҳосилнокӣ хоҷагии деҳқонии Исмоили Сомонӣ аз Ҷамоати Меҳробод пешсафанд. Мутахассисони соҳа ҳисоб кардаанд, ки деҳқонони хоҷагии номбурда аз 200-250 сентнерӣ ҳосил ба даст хоҳанд овард. Ҷамъоварии ҳосили майдонҳои картошкаи барвақтӣ дар Ҷамоатҳои минтақаи поёнии ноҳия  бо суръат давом дорад.