Сб08182018

Last updateПт, 17 Авг 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

475 ИНШООТ- ТУҲФА БА ҶАШНИ 30 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

 

Дар толори филармонияи халқии   ноҳия  бо иштироки фаъолон,  раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо,   ҳизбу ташкилотҳои   ҷамъиятии  дар ноҳия фаъолиятдошта, директорони мактабҳо  ва ходимони дин  маҷлиси васеи назди раиси ноҳия доир гардид. Дар маҷлис рафти  омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,ва рафти корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ дар ноҳия ва ҷамъбаси натиҷаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ноҳия  давоми нимсолаи аввали соли равон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар ҷамъомади мазкур  ҳамчунин  намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар ноҳияи Файзобод, барои омода кардани ноҳия ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурии Тоҷикстон   Худоёрзода Бахтиёр Тавар  ширкат дошт. Машваратро раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ кушод ва аз нақшаҳои созандагии  меҳнаткашони  ноҳия  ба истиқболи  чашни 30 солагии  Истиқлолияти  кишвар ҳарф зад. “Дар бораи   нақшаи чорабиниҳои ободонию бунёдкории ноҳияи Файзобод ҷиҳати амалигардонии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП –1059”-ва ҷараёни иҷрои корҳо ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо   ба истиқболи ҷашн Худоёрзода Бахтиёр Табар сухан кард.

Таъкид гардид, ки то имрӯз барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия   нақшаи чорабаниҳо таҳия гардида, рӯйхат ва шумораи иншооти ҷашнӣ тартиб дода шудааст ва айни ҳол меҳнаткашони ноҳия то фарор расии ин  рӯзи  барои фарди Тоқики ситони азиз, бунёди беш аз 475 иншоотҳот  гуногунро  дар назар доранд, ки ин хеле хуб аст.

  Рӯйхати иншооти мазкур , ки   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  ва соҳибкорони файзободӣ  давоми се сол то ҷашни истиқлолият бунёд карданиянд,  асосан биноҳои таъйиноти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои таълимӣ ва  томактабӣ , бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ, иншооти гуногуни маишию маданӣ ва хизматрасонӣ, ҳаммом, сартарошхона, толорҳои кошонаи ҳусн, майдончаҳои варзишӣ, коргоҳҳои саноатӣ иборат мебошад.

Боис зикр аст, ки  бо қарори раис  ноҳия  комиссияи ноҳиявӣ оиди омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани  30-солагии истиқлолият ва нақша чорабиниҳои ба ин хотир тарҳрезишударо  чанде пеш Иҷлосияи  понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати понздаҳум тасдиқ намуда буд.  (Шуруъ аз ҳафтаи равон  баҳри амалӣ гардидани нақшаи мазкур  вохӯрии гуруҳҳои корӣ дар ҳамаи  ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  ноҳия баргузор шуда истодааст.)

Сипас  натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия давоми  нимсолаи якуми сали ҷорӣ  мавриди муҳокима қарор гирифта , баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Тавре дар  машварати мазкур маълум гардид, сокинони ноҳия   бо даст удили пур ва ифтихор аз истиқлолияти кишвар   аллакай   ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои бунёдкориро оғоз бахшидаанд.