Ср07182018

Last updateПн, 16 Июль 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

МАЪЮБОН ЗЕРИ ҲИМОЯИ ДАВЛАТАНД

 

Ҳамасола дар кишвари мо  8 июлро ҳамчун  Рӯзи маъюбон ва пиронсолон таҷлил менамоянд. Аз рӯйи омори пешниҳодшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар айни ҳол дар саросари мамлакат 150 ҳазор ашхоси маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки 26 ҳазори онро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар ноҳияи мо ашхоси маъюб дар  қайди бахши ҳифзи иҷтимоӣ  меистанд. Ҷамоати шаҳраки Файзобод 212 нафар маъюб дорад.

Аз ин шумора 38 нафар то синни 18-сола ва 22 нафар маъюбони аз овони кӯдакӣ мебошанд. Аз шумораи умумии дар боло зикршуда 37 нафар ба гурӯҳи якум, 89 нафар ба гурӯҳи дуюм ва 48 нафар ба гурӯҳи сеюм дохил мешаванд. Ашхоси ҷисман заифиятдошта пайваста зери ғамхориҳои давлату ҳукумат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон, шахсони саховатпеша қарор доранд. Ба онҳо пайваста кӯмакҳои моддиву маънавӣ расонида мешавад. Имсол низ дар асоси нақшаи тартибдодаи масъулони соҳа ба онҳо дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ кумак расонида шуд.

Муҳаммад  НЕЪМАТОВ, донишҷӯи соли дуюми шуъбаи рӯзноманигории ДДФСТ-и ба номи М. Турсунзода.