Пт11162018

Last updateЧт, 15 Нояб 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ТАНТАНАҲОИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР МИСКИНОБОД

Рӯзи ваҳдати миллӣ дар саросари кишварамон  бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Зеро ин рӯз  дар саҳифаҳои таърихи кишвари мо бо ҳарфҳои зарин сабт гардидаву  фаромӯш нопазиру  барои ҳар фарди баору номуси тоҷик азиз аст. Ҳарчанд аз  ин санаи тақдирсози миллат 21 сол сипарӣ гардида бошад ҳам , он садсолаҳо аҳамияти таърихии худро гум нахоҳад кард.   Ба он хотир, ки  дар ин рӯз  ҳуҷҷати тақдирсоз, Созишномаи истиқрори сулҳ ва  ризоияти миллӣ, ки ифодагари хотимаёбии ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакатамон буд ба имзо расид, ки  аз гом гузоштани мардуми тоҷик ба ҳаёти  осоишта гувоҳӣ медод. Роҳ ба ин рӯз осон набуд, маҳз бо талошҳои  паӣвастаи фарзанди  вафодору қаҳрамони миллати тоҷик, Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ. Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон меваи сулҳу суббот халқи тоҷикро насиб гардид.

  Тантанаҳои идона дар ноҳияи мо ҳам аз мавриди истифода қарор гирифтани  чанд иншооти  иҷтимоӣ оғоз  гардид.   Боиси ёдоварист, ки сокинони  ноҳияи мо ҳам Рӯзи ваҳдати миллиро бо дастовардҳои хуби  меҳнатӣ таҷлил   намуданд.  

Воқеан ҳам  дастовардҳои  солҳои охири кишоварзони ноҳия диданию шоёни таъриф аст. Эҳёи аз нави  соҳаи паррандапарварӣ, ба зиёда аз 600 гектар расонидани кишти картошка ва суръати баланди боғҳои нав, ки нияти ба 4000 гектар расониданро боғпарварони ноҳия доранд, бозгӯ аз дастовардҳои ваҳдати миллӣ дар ноҳия аст.

Тантанаҳои имсолаи ҷашни  Ваҳдатати миллӣ дар ноҳияамон  бо ташаббуси раиси ноҳия Раҷабзода  Миралӣ имсол  дар маркази   Ҷамоати деҳоти Мискинобод, деҳаи Мискинобод  баргузор шуд.   

Сокинони Ҷамоати мазкур ба қабули меҳмонон, ки аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  омада буданд омодагии хеле хуб дида буданд.

Сокинони ҳамаи  деҳаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва  ташкилоту идораҳои ҳудуди Ҷамоат   намунаи ҳунарҳои мардумӣ , пухту паз ва дастовардҳои мешнатии хешро  манзури тамошои меҳмонон гардонида буданд. Шиору овезаҳои идона ба  ҳусни базмгоҳ, ки саҳни муассисаи таълимии рақами 10 интихоб шуда буд таровати тоза мебахшид. Ҳамин буд, ки  ҳамаҷо мардум хурсандӣ мекард ва   чеҳраҳошонро руҳияи идона  фаро гирифта.

Раиси ноҳия   Раҷабзода Миралӣ  бо аҳли меҳмонон  аз ин базмгоҳи идона дидан намуданд.

 Дар базмгоҳ  Раҷабзода Миралӣ ҳозиринро бо фарорасии ин рӯзи Саиду хотирмон табрик намуда, таъкид дошт, ки меҳнаткашони ноҳия  барои дар рӯҳияи баланди идона таҷлил намудани  рӯзи Ваҳдати миллӣ  бо тамоми ҳастӣ кору паӣкор намуданд.

 Хамчунин раиси ноҳия   таъкид дошт, ки  сокинони Фаӣзобод ҳам  баҳри ободии ватан, пешрафти Тоҷикистони азиз, пурмаҳсул меҳнат менамоянд.  

Сипас саҳнаи идонаро   санъаткорони ноҳия  ва ҳофизони шинохтаи кишвар Сарабек Раҳмонов, Ғунчагул Давлатова, Аскари Ҷалил ҳаҷвнигонони гурӯҳи “Маҳфилоро” бо барномаи рангорангӣ ҳунарии худ, ки ифтихор аз ободию соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ буд, ихтиёрдорӣ намуданд, ки он хеле диданӣ ва хотирмон буд.

  Таҷлили пуршукӯҳи  иди Ваҳдат дар   Мискинобод бозгӯи  рӯзгори хушу    сарбаландии мардуми   диёри фаӣзборамон  буд.