Вс09232018

Last updateПт, 21 Сен 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ

Чанде пеш дар маҷлисгоҳи шӯъбаи маорифи ноҳия семинари омӯзишӣ дар мавзуҳои “Ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табииву техногенӣ, шиноварӣ, шиносоӣ бо санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа” таҳлилу баррасӣ ва омӯзиши қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қоидаҳои омодасозии аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда” ва “Дар бораи таснифоти ҳолатҳои фавқулодда”  доир гардид. Ҷамъомадро  сардори бахши  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаржданӣ дар ноҳия полковник Давлатзода М. оғоз намуда, ҳадафи омӯзиши мазкурро баланд бардоштани савияи дониш, малакаву маҳорат ва дар ҳолати омодабош қарор доштани мардум арзёбӣ кард.

Омӯзиши мазкур марҳилавӣ буда, тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳиянамудаи Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин вохӯрӣ дар ноҳия маротибаи сеюм мебошад.

Вобаста ба мавзуҳои болозикр аз маркази мазкур сардори шуъбаи таълимӣ подполковник Тоҷиддин Аҳмадов, омӯзгори калон -майор Аслигул Тоирова ва методисти шуъбаи методии ҳамин марказ Дувунаева Гулбаҳор  маърӯза намуда, ба иштирокчиён, ки директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ буданд, аз нозукиҳои мушкилоти ҷойдошта ҳарф заданд.

С. ЮНУСЗОДА, “НФ”.