Чт09202018

Last updateСр, 19 Сен 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ВАҲДАТ-МАВЗӮИ СИТОДИ САЙЁР

Ҳафтаи пешин раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода дар деҳоти Мискинобод бо ҳузури роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳо «Ситоди сайёр» гузаронд. Ситод масъалаҳои муҳими хоҷагидорӣ, минҷумла тезондани картошкашинонӣ, тайёрӣ ба ҷамъоварии алафу коҳ барои чорвои ҷамъиятию шахсӣ, риояи қонунҳои амалкунандаро мавриди муҳокима қарор дод. Раиси ноҳия ҳолати корҳоро аз масъулон пурсон шуда, диққати ҳозиринро ба таҷлили шукӯҳманди 21-солагии Ваҳдати миллӣ ҷалб намуд. Бояд ёдрас кард, ки солгарди ҷашни Ваҳдати имсол дар деҳоти Мискинобод барпо мегардад. Роҳбари ноҳия умедворӣ кард, ки ҷашн дар сатҳи даркорӣ мегузарад.

Ҷ.БАҲОРОВ.