Ср06202018

Last updateВт, 19 Июнь 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

НАХУСТИН ДАСТОВАРДИ ПИЛЛАПАРВАРОН

Як ҳафта мешавад, ки Корхонаи фаръии пиллахушккунии ноҳия ба ҷамъоварии пилла машғул аст. То ин дам аз кирмакпарварон зиёда аз 300 кг пиллаи тар қабул шудааст, ки ба ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.

Тавре дар суҳбат Ҷамшед Қодиров, сардори Корхонаи фаръии пиллахушккунии ноҳия ба мо гуфт: «Ин шабу рӯз маъракаи супоридани пилла дар авҷ аст. Қисме аз кирмакпарварон аз як қуттии кирмаки навъи хитоӣ то 45-50 кг пила супориданд». Навъи кирмаки зикршуда соли дуюм аст, ки дар ноҳия парвариш карда мешавад. Парвариши ин навъ нисбат ба навъҳои дигар осонтар буда, як қуттии он дар давоми парвариш аз 900 то 1100 кг барг истеъмол мекунад.

Нақшаи имсолаи пилла 4 тонна муқаррар шудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки 1кг пилла ба қиммати8-10 сомонӣ харидорӣ мешавад.Иловатан пешқадамон ҳавасманд мегарданд.

С. ЮНУСЗОДА, «НФ».