Пн10222018

Last updateПт, 19 Окт 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ЛОЛАГӢ ЗЕБОТАР ШУД

Таҷлили ҷашни Наврӯзи имсола дар шаҳраки Лолагии  Ҷамоати деҳоти Вашгирд нисбати солҳои пешин ҷилои нав дошт. Дар рӯзҳои ид корхонаи истеҳсолию тиҷоратии соҳибкор Холмаҳмад Алиев мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин корхона 10 нафар занони бекори Лолагӣ ба дӯзандагӣ машғул шуда маоши хуб мегиранд. Соҳибкор бунёди мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ва дастгоҳи таъмири мошинҳои сабукравро дар назар дорад.

Наврӯзи имсолаи сокинони шаҳраки Лолагӣ бо озмуни намоиши ҳунарҳои бонувони ҳунарманд, ки нону кулчаҳои гуногун, шириниҳо, хӯрокҳои миллии баҳорӣ, аз қабили далда, олева ва оши палавро омода карда буданд, хеле диданӣ буд. Дар озмун  сокинони  кӯчаи Ҷавонон Қурбонгул Ғаффорова ва кӯчаи Турсунзода Бибигул Маҷидова  ғолиб дониста шуданд. 

Дар Ҷамоати деҳоти Вашгирд корҳои ободонӣ суръати тоза гирифтааст. Ҷавони пурғайрату ташаббускор Толиб Зиёев бо ҳамтоёни худ иқдом гирифт, ки сохтмони майдони варзиширо то ҷашни Ваҳдати миллӣ ба охир расонад.