Ср12122018

Last updateВт, 11 Дек 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

АВВАЛИН ИХТИЁРИЁНИ АСКАРӢ

Дар асоси Фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати шаҳрвандони солҳои 1991-2000 ба хизмати ҳарбӣ» аз рӯзи 12 март таҳти №1036 дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллии кишвар бо баргузории «Рӯзи даъватшаванда» оғоз ёфт. Тибқи қарори раиси ноҳия аз 20 марти соли равон мавсими баҳории даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ оғоз шуда, комиссияи босалоҳият аз ҳисоби масъулон ва табибон созмон ёфтааст. Чорабинии “Рӯзи даъватшаванда” дар комиссариати ҳарбии ноҳия, ки бо иштироки васеи даъватшавандагон ва падару модарон баргузор шуд, ки хело хотирмон буд.

Он рӯз зиёда аз 20 нафар ҷавонон ихтиёрӣ барои хизмати Модар-Ватан ҳозир гардиданд.

Муовини якуми раиси ноҳия Достзода Мансур Тағой зимни баромад даъватшавандаҳоро барои ба хизмати Ватан омода шудан табрик гуфта, қайд кард, ки хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар қарзи шаҳрвандӣ ва номуси ҷавонмардист. Аз ин рӯ, бояд ҳар як волидайн кӯшиш намояд, ки фарзандон бо дарки баланди ватандорӣ марзи муқаддаси сарзамини аҷдодиамонро ҳифзу ҳимоя намоянд.

Қайд шуд, ки ҷавонмардони диёрамон, қатори дигар фарзандони баору номуси Ватан, дар ҷузъу томҳои артиш сарбаландона хизмат намуда истодаанд ва боварӣ ҳаст, ки наваскарон идомадиҳандаи кори неки онҳо мегарданд.

Ҷавононе, ки он рӯз ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар шуданд, ҳамагӣ бо табъи хушу рӯҳи болида аз комиссияи тиббӣ мегузаштанд. Онҳо изҳор карданд, ки қарзи фарзандии худро дар назди Ватан - Модар ҷавонмардона ба ҷо меоранд.