Сб05262018

Last updateЧт, 24 Май 2018 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ЯХОБМОНӢ ОМИЛИ ФАРОВОНҲОСИЛИСТ

Иқтисодиёти бозоргонӣ, ки имрӯзҳо мо вориди он гаштаем, тақозо дорад, ки ба қадри замин ва об бирасем. Вобаста ба ин бояд ҷиҳати истифодаи пурсамари замин ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ аз таҷриба ва ташаббусҳои нек бетараф набошем. Омили муҳим дар зимистони гарми имсола  ин роҳандозӣ намудани яхобмонӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки иҷрои ин амал аз як ҷониб барои таъмини намнокӣ ва нобуд кардани ҳашароти зараррасон судманд бошад, аз ҷониби дигар барои фаровонии ҳосил заминаи мусоид фароҳам оварда,  ба рӯёнидани ҳосили дилхоҳ аз зироати кишти тирамоҳӣ ва омодагӣ ба кишти баҳорӣ мусоидат мекунад. То ба имрӯз мувофиқи рақамҳои оморӣ аз 2100 гектар заминҳои кишти тирамоҳӣ ба  470 гектар ва   350  га боғу токзор яхоб монда шудааст.

-Агар хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ яхобмониро идома диҳанд, бедоршавии бемуҳлати дарахтонро эмин нигоҳ медоранд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки баъзан моҳи март ҳарорати ҳаво паст мефарояд.  Аз ин рӯ, деҳқонон бояд яхобмониро ҷоннок намоянд. 

Иншоотҳои обтаъминкунии ноҳия низ барои корҳои яхобмонӣ омода шудаанд. Каналҳои Ҳазора. Меҳробод ва Хуҷамард аз таъмир бароварда шудаанд.