Пт06222018

Last updateВт, 19 Июнь 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ИМА ба сайёҳон сафари Тоҷикистонро тавсия кард

Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки ба хотири амнияти шаҳрвандонаш дар тавсияи давлатҳои дунё барои сафару саёҳат басо мулоҳизакор аст, Тоҷикистонро диёри амну шоистаи дидан муаррифӣ намудааст.

Ниҳоди номбурда дар асоси таҳлили авзои мамлакатҳои ҷаҳон рӯйхатеро барои сайёҳони амрикоӣ таҳия кардааст, ки дар он кишварҳо аз рӯи дараҷаи амният ба чор гурӯҳ тақсим шудаанд, - иттилоъ медиҳад оҷонсии "Sputnik". Тоҷикистон ҳамчун кишвари амнтарин барои сафар тавсиякарда шомил гаштааст. Воқеан ҳам, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки на танҳо боиси сулҳу оромию ободкорӣ, ҳамчунин, рушди назарраси туризм, дар соҳа арзи ҳастӣ кардани инфрасохтору иншооти сатҳи байналмилалӣ гаштааст. Ин ҳама комёбӣ, бешак, аз чашми аҳли саёҳат, созмону ширкатҳо дур намемонад ва теъдоди онҳое, ки аз манзараҳои дилошӯби сарзамини афсонавии мо дидан мекунанд, торафт меафзояд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 мавқеи диёри моро дар сафи кишварҳои амни сайёҳӣ таҳкими бештар хоҳад бахшид.

Зимнан, дар он гурӯҳ дар баробари Тоҷикистон Туркманистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ ҳастанд.

«Садои мардум» №7 (3801) 16.01.2018