Чт09202018

Last updateСр, 19 Сен 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

БА ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАИ МАКТАБИЁН ОМОДАЕМ?

Маҷлиси васеи назди раиси ноҳия бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия рӯзи 4 апрел   доир шуд. Сараввал раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ аз ғолибияти ҳунармандони ноҳия дар фестивал –озмуни ҷумҳуриявии «Биёед, бо ҳам бихандем», ки бо иқдоми Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ доир гардида буд, сухан кард. Раиси ноҳия иброз дошт, ки маҳз бо роҳбарии   мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҳабибуллои Мирзошариф, қариб дар ҳамаи чорабиниҳои фараҳангии мамлакат аҳли санъату ҳунари Файзобод дастболо мешаванд. Раҷабзода Миралӣ подоши заҳматҳои Ҳабибуллои Мирзошарифро бо ифтихорнома қадрдонӣ намуд. Дигар иштирокчиёни фестивал-озмуни мазкур ҳам туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро аз дасти раис гирифтанд.

Сипас дар маҷлис рафти иҷрои   Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии   Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015, №634, қарори Раиси ноҳияи Файзобод аз 30 ноябри соли 2015, №626 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2016» мавриди муҳокима қарор гирифт.      

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ф. Наҷмиддинов дар бораи ҳолати омодагӣ ба ташкили истироҳати тобистонаи мактабиёни ноҳия гузориш дод. Аз ҷумла номбурда қайд кард, ки масъалаи мазкур дар шӯрои маориф бо иштироки директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва намояндагони АВО мавриди баррасӣ қарор гирифта,   нақша- чорабиниҳои шуъба тасдиқ ва корҳои амалӣ ба иҷро расида истодаанд.

Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани истироҳати тобистона ва солимгардонии кӯдакон ва наврасон дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» соли 2016 аз ҳисоби маблағҳои бӯҷаи маҳаллӣ163595 сомонӣ маблағ ҷудо гадидааст.

Имсол тибқи нақшаи муштараки шуъбаи маориф ва   Кумитаи иттифоқи касабаи   маориф аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар ду баст 230 нафар кӯдакон дар истироҳатгоҳи «Дурахшон»   ба таълиму тарбия ва истироҳату фароғат   фаро гирифта хоҳанд шуд.

Тибқи қарори муштараки шӯрои маориф ва иттифоқи касабаи маорифи ноҳия маблағи волидайн барои нигоҳубини як нафар кӯдак дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» соли 2016   40 (чил) сомонӣ муқаррар гардидааст.   Барои ятимони кул, кӯдакони аз як волидайн маҳрум, кӯдакони оилаҳои камбизоат ва кӯдакони боистеъдод имтиёзҳо муқаррар гаштааст.

Ф. Наҷмиддинов ҳамчунин таъкид кард, ки дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1,2,7,9,10,21,54,55 ва 59 барои 260 нафар хонандагон майдончаҳои солимгардонӣ ва дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти умумии дигар бошад, лагерҳои фароғатӣ барои 1500 нафар хонандагон ташкил карда мешаванд.

Мудири маориф инчунин дар бораи баъзе проблемаву мушкилиҳои истироҳатгоҳи «Дурахшон», аз қабили мавҷуд набудани ҳаммомхона, ба талаботи муосир ҷавобгӯ   набудани ҳавзҳои оббозӣ, аз навсозии бинои ошхона, ҳарф зада, баҳри ислоҳи он аз ҳозирин кӯмаку дастгириро дархост дошт.

Раҷабзода Миралӣ ба мудири мориф баҳри ислоҳи саривақтии мушкилоти мавҷуда ва дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани истироҳати тобистонаи бачаҳо маслиҳатҳои муфид дод.

Ҳамчунин дар маҷлис гузориши сардори раёсати кишоварзии ноҳия С. Шамсов оиди рафти иҷрои нақшаи бунёди боғҳои нав, кишти картошка дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия шунида, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Раҷабзода Миралӣ - раиси ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиевро барои иҷрои саривақтии нақшаи кишти картошка бо Сипоснома ва туҳфаи молӣ қадрдонӣ намуд.

Ҳамчунин раиси ноҳия барои дар сатҳи зарурӣ анҷом додани кишту кори баҳорӣ, иҷрои нақшаи андоз, пардохти саривақтии маблағи истифодаи барқ, таъмини даъвати баҳории наваскарон, истифодаи босамари моликиятҳои хусусигардондашуда, таъмини мактабиён бо либоси ягонаи мактабӣ ва анҷоми корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

«НФ»