Ср06202018

Last updateВт, 19 Июнь 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ВОХӮРИҲОИ РАИСИ НОҲИЯ АТРОФИ ПАЁМИ САРВАРИ ДАВЛАТ

ВОХӮРИҲОИ РАИСИ НОҲИЯ  АТРОФИ ПАЁМИ САРВАРИ ДАВЛАТПаёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси олии кишвар, 23 январи соли равон ироа шуд, як дастури ҳаётиест,ки самтҳои асосии тамоми соҳаҳои пешрафти мамлакат барои як соли оянда тарҳрезӣ, шуда иҷрои сари вақтии он аз ҳаряк сокини кишвар масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо миёни сокинони мамлакат муҳтавои асосии ин ҳуҷҷҷати сарнавиштсоз ҳамаҷониба мавриди омӯзиши ӯмум қарор гирифтааст. Зеро дар паёми имсолаи худ сарвари давлат бурду бохти мамлакат ва ҳамаи соҳаҳои зиндагии мардум-иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу сиёсатро мавриди таҳлили ҳаматарафа   қарор додаанд.

Дирӯз вохӯриҳои раиси ноҳияи Файзобод Имомназар Каримиён дар якҷоягӣ бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия   бо фаъолони соҳаҳои мухталиф ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраки Файзобод дар қасри фарҳанги ноҳия доир гардид. Дар ин вохӯриҳо бори дигар ҳозирин дастгирии хешро дар амалисозии нуктаҳои асосии Паёми сарвари давлат иброз доштанд.

Раиси ноҳия   нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлатро ба ҳозирин шарҳ дода аз ҷумла қайд кард, ки   Президенти мамлакат ҳангоми суханронияш таъкид доштанд, ки “ҳар яки мо вазифадорем тамоми азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем”.

Ҳамчунин Имомназар Каримиён назди сокинони ҷамоат суханрониҳои сарвари давлатро бобати инкишофи соҳаи кишоварзӣ баён намуд.

Ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ки омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ва имкони хуби афзун намудани иқтидори содиротии Тоҷикистон аст, таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар панҷ соли охир масоҳати заминҳои боғу токзор қариб 20 фоиз ва кишти сабзавот 30 фоиз ва ҳаҷми истеҳсоли меваю сабзавот 50 фоиз зиёд гардида, тамоюли афзоиши ҳаҷми истеҳсоли дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ низ ба назар мерасад. Боиси қайд аст, ки дар ноҳияи мо низ бобати таъкиди сарвари давлат оиди зиёд намудани масоҳати боғзор хеле хуш пазироӣ гардид. Айни ҳол дар ноҳия тасмимгирифтаанд, ки давоми панҷсоли оянда 4 ҳазор гектар боғҳои нав бунёд гардад.

Дар поёни вохурӣ раиси ноҳияи Файзобод Имомназар Каримиён   боварӣ аз он доштанд, ки   сокинони ноҳия низ дар амалисозии самтҳои асосии Паёми сарвари давлат саъйу кушиш намуда, дар пешрафту ободии малакат саҳми арзандаи худро мегузоранд.   Раиси ноҳия дар   ин вохӯрӣ ҳозиринро ба дарки баланди масъулият дар , ҳалли масъалаҳои иҷтимоии сокинон, корҳои ободонӣ, ҳифзи сиҳатии мардум, хусусан модару кӯдак ва бунёди оилаҳои солим, ки аз омилҳои асосии ба воя расондани насли ояндасози кишвар мебошанд,   ҳамчунин андешидани чорабиниҳо дар ин самт, ки соли 2015-соли оила эълон гардидааст, пешгирии никоҳи бармаҳал ва хешони наздик даъват намуд.

Силсилавохӯриҳои раиси ноҳияи Файзобод дар бо мақсади миёни мардум фаҳмонидани ин ҳуҷҷати муҳим   дар ҳамаи ҷамоати деҳоти ноҳия   идома хоҳад ёфт.

«НФ».