Сб02222020

Last updateВт, 18 Фев 2020 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ОЛИМИ ҶАВОНИ ФАЙЗОБОД САЗОВОРИ ҶОИЗАИ «ИСМОИЛИ СОМОНӢ» ГАРДИД

Дар арафаи ҷашни 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари хуше боиси ифтихормандию сарбаландии ҳар яки мо, мардуми диёри Файзободи азиз гардид. Бо Фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамдиёрамон, дастпарвари мактаби таҳсилоти умумии рақами 15, дотсенти кафедраи пайвастҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илми кимиё Сироҷиддин Раҷабов дар қатори 6 нафар олимони ҷавони ҷумҳурӣ ба ҷоизаи «Исмоили Сомонӣ» барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои бунёдӣ сазовор дониста шуд. Ин муждаи нек гувоҳ аз баҳои баланд ва меҳру муҳаббати Сардори давлат нисбати мардуми мост, ки гуфтаанд: «Файзобод мулки пурфайзу зодгоҳи чеҳраҳои маъруфи илму адаб ва санъату маънавиёти тоҷикон буда, мардуми он ватандӯсту ватандор, боғайрату кордон ва бонангу номус мебошанд».

Сироҷиддин Раҷабов соли 1998 ба факултети кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда онро бо дипломи аъло хатм намуд. Дониши хуб, қобилияти эҷодкории баландашро ба назар гирифта ӯро ба кор ба кафедраи пайвастҳои калонмолекулӣ ва технологияи кимиёи донишгоҳ қабул намуданд. Баробари кор вай аспиранти ҳамин кафедра гардида болои мавзӯи «Синтези аминокислотаҳо ва пептидҳо бо ҳосилаҳои эпихлоргидрин, монодихлоргидрин глисерин» таҳқиқот бурд. Моҳи сентябри соли 2009 корашро бомуваффақият анҷом дода, номзади илмҳои кимиё гардид.
Сироҷиддин Раҷабов муаллиф ва ҳаммуаллифии бештар аз 80 мақолаи илмӣ, се дастурамали таълимӣ, як китоби дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ ва як лоиҳаи фонди президентӣ дар мавзӯи «Технологияи коркарди нуриҳои минералӣ аз партовҳои шаҳрӣ ва хоҷагии қишлоқ» мебошад. Асарҳои илмиаш бо забонҳои русию англисӣ интишор гардидаанд. Дастурҳои илмии ӯро донишҷӯёни факултаи кимиёи ДМТ, донишгоҳҳои шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Хоруғ, ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, инчунин хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ истифода мебаранд. Ӯ борҳо дар симпозиуму конфронсҳои дараҷаҳои гуногун дар шаҳрҳои Москва, Киев, Уфа, Тошканд, Ашқобод, Боку, Самарқанд иштирок намуда бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудааст. Зиёда аз 30 нафар донишҷӯён рисолаҳои дипломӣ, магистрӣ, хатмкунӣ ва корҳои курсиашонро таҳти роҳбарии ӯ дифоъ намудаанд. Рисолаи номзадӣ ва асарҳои илмии Сироҷиддин Раҷабов аз ҷониби як қатор олимони тавонои тоҷик ва кишварҳои хориҷ баҳои баланд гирифтанд. «Рисолаи номзадии Сироҷиддин Раҷабов як мактаби нав аст дар соҳаи кимиёи узвӣ. Ҷониби дигари татқиқоти ӯро омӯзиши асарҳои мутаффакирони асримиёнагии шарқ Ҷобир ибни Хайём, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ ва дигарон ташкил медиҳад, ки ҷаҳониён аз дастовардҳои мутаффакирони машриқзамин огоҳӣ пайдо мекунанд»-мегӯяд профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои кимиё У.М.Мирсаидов. Роҳбари рисолаи номзадии Сироҷиддин Раҷабов номзади илмҳои кимиё Т.Ф.Юсуфов (рӯҳаш шод бод) дар ҳаққи шогирдаш гуфта буд: «Ҳамин басанда аст бигӯям, ки Сироҷиддин мактаберо хатм кардааст, ки солҳои мактабхонии ӯ таълими забони русӣ қариб, ки дода намешуд. Имрӯз бошад, рисолаи номзадиашро бо забони русӣ навишта миёни олимони кимиёшиноси ҷумҳурӣ ва берун аз он бомуваффақият ҳимоя намуд».
Олими ҷавон Сироҷиддин Раҷабов имрӯзҳо болои рисолаи доктории худ кор карда истодааст. Мо ӯро бо мукофоти олӣ- ҷоизаи «Исмоили Сомонӣ» муборакбод намуда, дар роҳи кашфиётҳои наву комил ва фатҳи қуллаҳои боз ҳам баланди илм барору комёбӣ хоҳонем.


М.ТАҒОЕВА, хабарнигори
«Набзи Файзобод».