Сб02222020

Last updateВт, 18 Фев 2020 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ЧАРО ҶАВОНОН АЗ ХИЗМАТ ДУРӢ МЕҶӮЯНД?

Ин суолест , ки ҳама  рӯза   посухи худро  меҷӯяд. Аммо мутаассифона ҷавоб  гирифтан ба он амре маҳол гардидааст. Охир  махз   тавасути  ҷавонмардии ҳомиёни Ватан сулҳу суббот ва оромию осоиштагии фазои Тоҷикистони соҳибистиклоламон қавию   симои он рӯз аз рӯз зеботару ободтар мегардонем. Аз ин хотир  ҳар яки мо бояд ба он бикушем, ки  чун   фарзандони бо нангу номус ва фарзонаи миллат ба воя бирасему сазовори ин  обу хок бошем. Ҷавонписарон  муҳофизони  фардои миллат ҳастанд  ва бояд ҳимояи онро қарзи шаҳрвандии худ бидонанд. Ба хизмати ҳарбӣ рафтан , ба ҳифзи Модар – Ватан камари ҳиммат бастан, бояд орзуи ҳар як ҷавонписари тоҷик бошад. Мутаассифона имрӯзҳо баъзе  ҷавонписарони мо аз хизмати Модар – Ватан худро канор мегиранд, ба қавле мегурезанд.  Фикр намекунам, ки ҷавонписарони мо инқадар тарсончак бошанд. Дар замони шӯравӣ ин хел набудааст, ку? Вақте ба ҷавонон даъватнома мефиристоданд онҳо ба комиссарияти ҳарбӣ ҳозир мешудаанд. Ва волидайн эшонро бо як хурсандӣ гусел мекардаанд. Аммо имрӯзҳо  баракс шудааст. Айни ҳол комиссарияти ҳарбӣ тасмим гирифтааст, ки барои даъватшавандаҳо курсҳои бепули  ронандагии  дараҷаи «В ва «С»-ро кушояд, то соҳибкасб шудаву  пасон ба хизмати ҳарбӣ раванд. Зеро ҳамасола мебинем, ки чи қадар ҷавонон орзуи ронанда шуданро доранд. Аммо  имрӯз ёфтани ҷавононе,ки ба ин курсҳо ҷалб шудаву баъди он ба хизмати ҳарбӣ раванд, амре шудааст хеле душвор. Чун мавсими  даъват оғоз мешавад ҷавонон аз кормандони комиссарияти ҳарбӣ мегурезанд, ки даъватномаро ба дасташон надиҳанд. Агар ҳамаи ҷавонмардон аз хизмати ҳарбӣ гурезанд, пас хизматро кӣ мекунад? Дар қишлоқҳо чи қадар сафи ҷавонони «негодний» зиёд шудааст. Мегӯянд, ки билети ҳарбиро «мехаранд». Ин амали ҷавонмардони ҳақиқӣ нест.  То кай  тавассути «облава»  нақша иҷро мешавад. Магар «облава» шудаҳо аз таҳти дил барои   Ватан хизмат мекунанд, вақте ки    эшонро зуран овардаанд.  Куҷо шуданд ҷавонони ғаюру  далер. Наход дар ҳар мавсим 10-12 нафар чунин љавонон бошанду халос!  Худ ба андешае меравам , ки  канораҷӯйии ҷавонписаронро  сабаб чї  бошад. Наход душвориҳои хизмат онҳоро  рӯ ба гурез карда бошад.  Дар  ҳар сурат  мард мард асту бояд далеру шуҷоъ, нотарсу тавоно бошанд.Агар мард аз лату куб аз ҷанг ҳарос дошта бошад, пас ӯ мард нест. Биёед биандешем агар мард тарсончак бошад читавр метавонад зиндагиеро, ки саропо имтиҳон  яъне пастию баландӣ,   талхию ширинӣ, гармию сардист ба пеш барад. Читавр метавонад оилаашро зери қаноташ бигирад ва  ӯро муҳофизат кунад.                                                                                                         
Пас андешае ҳаст, ки  падару модарон    духтарони   худро ба чунин ашхоси      тарсончак , онҳое ки аз хизмати ҳарбӣ мегурезанд ба шавҳар надиҳанд. Шумо чӣ андеша доред.
                                                                                                                                                                         

Г. РАҲМОНӢ,  донишҷўи
 факултаи журналистикаи ДМТ.