Вт02252020

Last updateВт, 18 Фев 2020 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ЧАКАНДӮЗ

Дар солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эътироф шудани “Чакан” ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шаҳодати эътирофу эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таъриху фарҳанги бостонӣ мебошад.

Соли гузашта дар ноҳия омодагӣ ба таҷлили иди Наврӯз мерафт. Барои духтараконе, ки дар ҷашнвора рақс мекарданд, 100 ҷуфт куртаи чакан лозим буд. Муовини раиси ноҳия Нурия Раҷабова фаъолзанонро ба утоқи кориаш даъват намуда пешниҳод кард:- чӣ мешавад, ки ба ҷои аз дигар ҷой харидорӣ намудан, аз ҳунари чакандӯзони диёрамон истифода барем?

Дар муддати кӯтоҳ ҳамин тавр ҳам шуд. Маълум гардид, ки миёни чакандӯзон бонуе бо номи Фирӯза Юсуфова, сокини шаҳраки Файзобод, аз ҳама бисёр - 14 куртаро чакандӯзӣ кардааст. Рӯзи ҷашн гулдухтарон дар тан чаканҳои зебо, бо рақсҳои дилошуб ҷашнвораро ҷаззоб гардониданд.

Фирӯзаро ғоибона мешинохтам. Аз мусибати ба сари ӯ омада огаҳӣ доштам. Ба қарибӣ хостам аз наздик бо ӯ ҳамсуҳбат шуда аз ҳунармандию ҳаёташ воқиф шавам. Шунида будам, ки Фирӯза баъди марги писари 22-солааш Шабрух ҳолати вазнинеро дар сар дорад. Ҳарчанд шавҳари меҳрубонаш Маҳмадрасул, духтараш Насиба бо фарзандону шавҳараш, ҳамсояҳои дилсӯзу фарзандони падар ғамхораш буданд, вале гумон мекард, касеву чизе ҷои ҷигарбандашро намегирад. Ёфт шуданд нафароне, ки Фирӯзаи ҳунармандро дастгирию ҳунари ӯро қадрдонӣ намуданд. Чанде пеш бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши фарҳанг Фирӯзаро ба мактаби мусиқии бачагонаи ноҳия ба кор даъват намуданд. Имрӯз Фирӯза роҳбари маҳфили кулолгариро ба уҳда дорад, ки аъзоёни маҳфил 18 нафар дар се гурӯҳ ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар вақти холигии худ ба гулкашию гулдӯзӣ машғул мешавад. Расмкашӣ, кулолгарӣ, гаҷкорӣ, турбофӣ, ҷуроббофӣ, зиндадӯзӣ, куртадӯзӣ ва дигар ҳунарҳо низ аз дасташ меояд. Ин ҳунарҳоро Фирӯза бо ҳашт апаю хоҳараш аз модари ҳунармандаш холаи Валентина омӯхтааст. Воқеан, як гӯшаи ҳунарҳои мардумии осорхонаи ноҳияро сӯзании зебое, ки маҳсули дасти Хайринисо Юсуфова, ки апаи Фирӯза аст, оро медиҳад.

Куртаи чакан ба кас зиннату ҳусни ҷавонӣ мебахшад. То солҳои наздик бонувон ҳамеша пироҳани атласу чакан пушида ба ҷашнҳою меҳмонӣ мерафтанд. Ҳоло бошад аксарият аз куртаҳои дарозу ҷилодор истифода мебаранд, ки ба кас хуш намеояд. Мехоҳам бонувон аз матоъҳои якранг курта дӯзонда гиребону сару остин ва лаби домон гулдӯзӣ бошад, ки чунин намуд хеле зебост, мегӯяд Фирӯза. Фирӯзаи чакандӯз аллакай бо омад-омади иди Наврӯз дархостҳои зиёд дорад.

Умедворем чаканҳоеро, ки Фирӯза бо риштаҳои меҳру муҳаббат медӯзад, бонувони диёр ҳамеша дар рӯзҳои хурсандии ҳаёт ба бар кунанд.

Робия САЛИМОВА, директори осорхонаи ноҳия.