Вт02252020

Last updateВт, 18 Фев 2020 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ҚАНОАТМАНДИИ САРДОРИ ДАВЛАТ

«Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастирӣ мекунем».

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. ш. Душанбе 26.12.2019)

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири масъалаҳои асосии тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисоди кишвар ва сиёсати дохиливу хориҷии ҳукумати мамлакат аст. Бо мақсади ҳамаҷониба ба мардум расонидани муҳтавои Паёми имсола дар асоси нақшаи чорабиниҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гурӯҳҳои корӣ ташкил гардида, бо мардум вохӯриҳо доир мегарданд. Ба ин гурӯҳҳо намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва бахшҳои алоҳидаи мақомоти маҳаллӣ шомиланд. Гурӯҳе, ки ба он муовини раиси ноҳия Н.Раҷабова роҳбарӣ менамояд, қариб дар тамоми деҳаҳои Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Меҳробод, Вашгирд вохӯриҳо гузарониданд. Чуноне ки ба мо иштирокчии имсолаи Маҷлиси Паёми ироанамудаи Президенти мамлакат, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Г. Халифаева иттилоъ дод, дар ин вохӯриҳо ӯ чун сарвари бонувони диёр асосан ба масъалаҳои кору фаъолияти занону духтарон, ки Пешвои миллат бевосита дар Паёмашон ишора намуданд, изҳори назар кардаанд. Воқеан, Сардори давлат дар Паём  аз ҷумла қайд кардаанд: «Занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта дар аксари соҳаҳо, бахусус дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани фармони Президент доир ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлатию роҳбарӣҷалб мекунем. Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд».

Дар ҳақиқат баъди шунидану хондани ин суханони ғамхоронаи Сарвари давлат дар Паёми имсолаашон, ки ба мақому манзалати занону модарон дар ҷомеа баҳои баланд доданд, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлату давлатдорӣ дастгирии онҳо ба воситаи якчанд барномаҳои давлатӣ, квотаҳои президентӣ барои духтарон, квота барои бонувон баҳри рушди соҳибкорӣ ва даҳҳо санадҳои дигар ба хотири фаъолияти занон имкониятҳои бузургро фароҳам оварда мавриди амал қарор мегирад, ҳар яки моро роҳбаладу роҳнамо ва илҳомбахш гардидааст. Дар Паём ба арҷгузорӣ ба заҳматҳои зан - модар, ранҷу машаққати ӯ дар тарбияи дурусти фарзандон сухан рафта, бори дигар Сарвари давлат ба мо, модарону бонувони кишвар даъват ба амал оварда, дар риояи қонунҳои миллиамон - «Дар бораи танзими анъана ва ҷашу маросимҳои миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» боз ҳам фаъол бошем. Фарзандонро ба зиндагонии мустақилона ҳидоят намоем, сарфаю сариштакориро омӯзонем, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги бои миллӣ ва расму оинҳоро ҳифз намоем. Барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ҳамеша талош намоем. Ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳем. Набояд фаромӯш кунем, ки ҳар амали некеро анҷом медиҳем барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон мекунем. Ин нуқтаҳои Паёмро дар вохӯрҳо мо гаштаю баргашта таъкид менамоем, - гуфт дар фарҷоми суҳбат Г. Халифаева.

Т. МУНАВВАРА.