Вт10222024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

САДА ОИНИ ҚАДИМИИ МОСТ

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи халқиятҳои ориёиннажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 - уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол ҳам чун солҳои пешин дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хоса доир гардид. Дар ин радиф мардуми сарбаланду меҳнаткаши диёри файзбори мо ҳам ҷашни фархундаву рӯ ба некӣ оварандаро хушу хуррам истиқбол карданд. Сокинони ноҳия дар варзишгоҳи марказӣ бо намоиши ҳунару дастовардҳои хоҷагидорону маҳсули дасти косибон фарҳангу оини аҷдодонамонро ёд оварданд. Он рӯз баҳри таҷлил аз ин ҷашни хуршедӣ пиру барнои диёр, навобаста аз сардии боди Файзобод, ба таҷлилгоҳ омада, бо замзамаи шеъру таронаҳои халқӣ кафкӯбӣ мекарданд. Намоиши дастранҷи чеварону косибон, дуредгарону кандакорон, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ба идгоҳ ҳусни хоса зам намуд.

Раиси ноҳия узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ зимни сухани табрикотии худ аз анъанаҳои таҷлили Сада дар гузашта ёдоварӣ карда, ба деҳқонон ҷиҳати омодагӣ ба мавсими нави кишту кор тавсияҳо доданд.

Дар ҷараёни баргузории ҷашни Сада фаъолону пирони рӯзгори ҳудуди ноҳия бо хушнудӣ ба мо ибрози андеша намуданд, ки таҷлил аз оину фарҳанги ниёгон моро ба худшиносиву худогоҳӣ ва хештаншиносиву меҳанпарастӣ мебарад. Ба андешаи пирони рӯзгор пешниҳоди Сарвари давлат оид ба эҳёи ҷашни Сада ба мардуми ҳунарманду меҳнаткаши тоҷик ҷиҳати ёдоварӣ аз фарҳангу тамаддуни қадимаи худ армуғони тоза арзёбӣ мегардад. Ба ин хотир моро зарур аст, ки ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи пешвои муазами миллатро сармашқи кори худ намуда, баҳри эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии худу кулли сокинони кишвар беҳтару бештар саъй кунем.

Р. СОБИР, “НФ”.