Вт07232019

Last updateПт, 05 Июль 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ХУШ ОМАДӢ, МОҲИ ХАЙРУ САХО

Боиси қаноатмандист, ки бо оғози моҳи шарифи Рамазон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   тавассути васоити ахбори оммаи аҳли муслимини кишварро муборакбод намуд. Сарвари давлат зимни ироаи муборакбодии хеш бори дигар аз фазилатҳои ин моҳи муборак ёдовар шуда, ҳамагонро ба накукориву хайру саховат ҳидоят намуданд.

Дар ояти 183-и сураи Бақара омадааст, ки «Эй касоне, ки имон овардаед, рӯзаи моҳи Рамазон бар шумо фарз гардонида шуд. Ҳамчуноне, ки бар миллатҳои пеш аз шумо фарз гардида буд, бошед, ки парҳезгор шавед»

Ҷаноби олӣ таъкид доштанд, ки бояд ҳар як мусулмон ин моҳро аз моҳҳои дигар фарқ карда, ҳурмати ин моҳи муборакро ба ҷо орад. Зеро Рамазон ин сулҳу субот ва покӣ аз нифоқ аст. Мувофиқи таълимоти ислом моҳи Рамазон моҳи нузули Қуръон, моҳи хайру баракат, моҳи ибодату аз ҳоли беморон ва муҳтоҷон хабардор шудан, моҳи аз буғзу адоват дур будан аст.

Сунати неки дигари ин моҳи муборак расонидани дасти кӯмаку хайру саховат ба ниёзмандон мебошад. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат дар ин маврид аз ояти 60-и сураи Тавба ёдовар шуданд: « Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва омилони садақот ва онон, ки дилҳошон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои қарздорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст ва Худо донои дурусткор аст».

Чунон, ки аз ин ояи карима бармеояд, садақаи фитр барои муҳтоҷу дардмандон пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин бо такя ба фармудаи ояти 286-и сураи Бақара мариди ёдоварист, ки бораи доштани ин моҳи муборак ба модарони ҳомила ва модароне, ки тифли ширхор доранд, маризону мусофирон ва онҳое, ки саломатию корашон имкон намедиҳад, сабукиҳо оварда шудааст.

Сарвари давлатамон зимни муборакбодии худ амалҳои хайру ободкориро аз мо умедворӣ намуданд, зеро фазилатҳои ин моҳи муборак ҳаминро тақозо мекунад.

Ба ин хотир хело хуб фармудаанд, ки:

Андар Рамазон хоки ту зар мегардад,

Чун санг, ки сурмаи ба сар мегардад.

Он луқма, ки хӯрдаӣ қазар мегардад,

В-он сабр, ки кардаӣ назар мегардад.

Носирхӯҷа Раҳимов,

сархатиби масҷиди ҷомеъи марказии ноҳия.