Пн05202019

Last updateСр, 15 Май 2019 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ АЗ ИН ИҚДОМ МИННАТДОРАНД

Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, баргардонидани ҷавонони ба ин ҳаракатҳо шомилгардида ва дар ҳайати гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии кишварҳои дигар қарордошта, инчунин мустаҳкам намудани алоқа бо муҳоҷирони меҳнатӣ бо Амри раиси ноҳия гурӯҳҳои корӣ дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҳисоби раисони ҷамоатҳо, сармутахассисони ҷамоатҳо оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, раисони шӯрои занон, нозирони минтақавӣ ва имомхатиби масҷиди ҷомеъ таъсис дода шудааст.

Аъзоёни гурӯҳҳо дар маҳалҳо бо волидайн, хешу таборони муҳоҷирони меҳнатӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, ҷиҳати аниқ намудани ҷойи буду боши онҳо ва анҷом додани суҳбатҳои телефонӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ чораҳои мушаххас меандешанд.

Мо баҳри ба хонандагон рушанӣ андохтани нисбати иқдоми мазкур ва фаъолияти гурӯҳҳои корӣ бо мудири бахши хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Махфират Рашидзода бо чанд суоли таваҷҷуҳдоштаи сокинони диёр суҳбат намудем.

Муҳоҷирати меҳнатӣ. Ин ибораро чи хел метавон маънидод кард? Яъне…

Муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи ҳаёти мардуми олам гардидааст. Дар ҷаҳон ҳамасола тақрибан зиёда аз сесад миллион одам дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Шаҳрвандони кишвари мо низ бо мақсади пайдо намудани ризқу рӯзӣ, беҳтару хубтар шудани сатҳи зиндагии худ барои кор кардан ба хориҷи кишвар мераванд. Тибқи маълумотҳо имрӯз 4241 нафар, аз ҷумла 157 нафар зан дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия ва чанд давлати дигар, аз ҷумла давлатҳои Корея, Олмон, Америка, Чин ва ғайра кору фаъолият мекунанд.

-Аз шумораи гуфтаатон бо чанд нафар дар хати алоқа будед?

Гурӯҳҳои таъсисдода муҳоҷирони меҳнатии ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Меҳробод,Вашгирд ва Д.Алиро ба рӯйхат гирифта суҳбатҳои телефонӣ анҷом дода истодаанд. То рӯзҳои наздик мо бо 2128 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳузури ҳамдигарӣ гуфтугӯи телефонӣ намудем. Муҳоҷирон аз ин иқдоми роҳбарияти ноҳия, ки нисбати фаъолияту рӯзгори онҳо дар муҳоҷират бе тафовут нестанд, изҳори миннатдорӣ менамоянд

Метавонед дар ҳузури мо бо чанд нафар гуфтугӯи телефонӣ барқарор кунед?

-Бе ягон мамоният!

-Ало, шумо Нурзода Умедҷон Хол, сокини деҳаи Офтобрӯя ҳастед?

-Бале апаҷон!

-Шумо дар кадом шаҳри Федератсияи Русия қарор доред ва ба чи корҳо машғулед? Шароитҳои кору зиндагиатон?

-Соли дуюм аст, ки ман дар шаҳри Москваи ФР ба кори сохтмон машғулам. Шароитҳои кору зиндагиамон бад нест. Аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия мо муҳоҷирон хело шодем. Зеро барои беҳбудии кору дифои ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ гуфтугузорҳои умедбахш дар назар аст.

Тамоси дигар.

-Ало, Шумо Абдуллозода Фурқат Бахтиёр, сокини деҳаи Ҷонварсӯз?

-Ҳа, ман!

-Шумо дар кадом шаҳр қарор дореду шароитҳои кориатон чи хел?

-Ман дар шаҳри Новокузнетсий Федератсияи Русия ба тиҷорат машғулам. Шароити кориамон на он қадар бад аст.

-Боз барои маоши калон шуда касе шуморо фиреб надиҳад?

-Ҳаргиз! Мо шукронаи ватани ободу ҳаёти осоиштаамонро мекунем. «Ними нон роҳати ҷон» гуфтаанд.

-Басанда!

Боварӣ дорем, ҷавобҳои ҳамаи онҳо хушҳолкунандаанд.

Мо ба ҳамаи онҳое, ки дар гуфтугузори телефонӣ шудаем, муҳоҷирони меҳнатӣ шукрона аз Тоҷикистони азизу Сарвари хирадманди он мекарданд.

Аз суҳбати кӯтоҳ бо Махфират Рашидзода дарёфтем, ки дар ҳолати дастҷамъӣ; яъне сари ҳарчанд вақт бо муҳоҷирони меҳнатӣ суҳбатҳои телефонӣ ва видеоӣ намудану аз тақдири ҳаррӯзаи онҳо воқиф шудан имконият медиҳад, ки ҷавонони мо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ҳархела ва саркашӣ аз хизмат дар сафи артиши миллӣ пешгирӣ карда шавад.

Мақсади ташкили гурӯҳҳои корӣ дар асоси амри раиси ноҳия ҳам ҳамин аст, ки тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ, хоҳ зан бошаду хоҳ мард, ба рӯйхат гирифта шуда ҷойи кору макони зист, суроғаи аниқашон муайян бошад ва масъулин ҷавобгӯи тақдири ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ дар минтақаашон бошанд.

М. ТАҒОЕВА,

хабарнигори « Набзи Файзобод».