Пн04222019

Last updateПн, 22 Апр 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ИБТИДОИ ҲАМАЛ ЗИ НАВРӮЗ АСТ

Бисёриҳо медонанд, ки дар солшумории қадимаи мардуми машриқзамин ду солшумори аст - шамсӣ ва қамарӣ. Солшумории шамсӣ (хуршедӣ) аз рӯи як даври гардиши офтоб ҳисоб карда мешавад, ки аз дувоздаҳ моҳ иборат буда, ҳар як моҳ ба як бурҷ вобаста аст.

Инҳо ҳамал (барра), савр (гов), ҷавзо (гӯсфанди қашқа), сунбула (як намуди гиёҳ), мизон (тарозу), ақраб (каждум), қавс (камон), ҷаддӣ (бузғола), далв (дӯл) ва ҳут (моҳӣ) мебошанд. Соли шамсӣ аз ҳамал оғоз мешавад ва ба 365 рӯзу 5 соату 48 дақиқаю 46 сония баробар аст. Офтоб дар як сол хатти устувори осмонро ду маротиба бурида мегузарад, ки ба 21, 22 март ва 23 сентябр рост меояд 21,22 март 1 - ум рӯзи ҳамал ва 23 сентябр  рӯзи якуми мизон аст. Аз ҳамал то мизон рӯзҳо ва аз мизон то ҳамал шабҳо дароз мешаванд. Наврӯз ибтидои соли нав аст.

Ибтидои ҳамал зи Наврӯз аст,

Ёд гираш, ки сию як рӯз аст.

Моҳҳои соли шамсӣ таносубан ба моҳҳои мелодӣ чунин аст: Ҳамал – 21,22 март то 20,21 апрел, Савр аз 21 апрел то 21 май, Ҷавзо – 22 май то 21 июн, Саратон аз 22 июн то 22 июл, Асад – 23 июл то 22 август, Сунбула - 23 август то 22 сентябр, Мизон - 23 сентябр то 22 октябр, Ақраб -23 октябр то 21 ноябр, Қавс - 22 ноябр то 21 декабр, Ҷаддӣ - 22 декабр то 20 январ, Далв - 21 январ то 19 феврал, Ҳут - 20 феврал то 20 март.

Ба солшумории шамсӣ солшумории яздигурдӣ ё шамсии форсӣ – тоҷикӣ мувофиқат мекунад, ки қариб аз байн рафтааст. Ҳисоби яздигурдӣ аз замони Сосониён (асрхои IV - VI) боқӣ монда, бо номи шоҳ Яздигурди Шаҳриёр вобаста аст. Дар он замон мардум солро бо ду тартиб соддаву кабиса ҳисоб мекарданд, ки солҳои содда 360 рӯз мешуд ё ҳар моҳ 30 рӯз буд. Панҷ рӯзу якчанд соату сонияҳое, ки боқӣ мемонданд, яъне моҳи зиёдатии соли кабисаро дар охири моҳи 12 - ум илова менамудан ва 365 рӯз мешуд, ки инҳо: Фарвардин – ҳамал (март - апрел) 30 руз, Урдибиҳитш – савр (апрел-май) 30 рӯз, Хурдод – ҷавзо (май-июн) 30 рӯз, Тир - саратон (июн - июл) 30 рӯз, Мурдод - асад (июл - август) 30 рӯз, Шаҳривар - сунбула (август - сентябр) 30 рӯз, Меҳр - мизон (сентябр - октябр) 30 рӯз, Обон - ақраб (октябр - ноябр) 30 рӯз, Озар - қавс (ноябр - декабр) 30 рӯз, Дай - ҷаддӣ (декабр - январ) 30 рӯз, Баҳман - далв (январ - феврал) 30 рӯз, Исфанд - ҳут (феврал - март) 20, 30 рӯз, ҷамъ ба исфанд панҷ рӯз илова мекарданд.

Аз ин мебарояд, ки солшумории яздигурдӣ ба солшумории шамсӣ як аст. Яъне ибтидои он Наврӯз аст, ки ба 21-22 март ҳамал рост меояд.

Солшумории ҳиҷрӣ - қамарӣ ба гардиши моҳ (ҳилол) вобаста аст. Ин солшуморӣ ба солшумории шамсӣ ва мелодӣ рост намеояд, зеро рӯзҳои он ба 354 рӯзу 11 соат баробар аст. Аз ин сабаб соли қамарӣ ҳар сол 11-12 рӯз пеш оғоз меёбад. Дар солшумории ҳиҷрӣ - қамарӣ моҳҳои Муҳаррам, Сафар, Робеъ - ул - аввал, Робеъ - ус - сонӣ, Ҷумоди - юл - аввал, Ҷумоди - юл - сонӣ, Раҷаб, Шаъбон, Рамазон, Шаввол, Зулқаъда ва Зулҳиҷа ҳастанд, ки як моҳ 30 рӯз, моҳи дигар 29 рӯз аст. Соли 1- уми ҳиҷрӣ-қамарӣ аз соли ҳиҷрати ҳазрати Муҳаммад (с) 622 оғоз мегардад, ки аз Маккаи мукаррама ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат карда буд. Бинобар кам будани рӯзҳои солҳои солшумории ҳиҷрӣ - қамарӣ дар сад сол, се сол аз солҳои солшумории шамсӣ кам мешавад

Мардуми Осиё ва Шарқи наздик солшумории дигаре доранд, ки мувофиқи он ба ҳар як сол номи як ҳайвон дода шудааст ва онро мучал меноманд. Инҳо - муш, бақар (гов), паланг, харгуш, наҳанг (моҳӣ), мор, асп, гӯсфанд, маймун (ҳамдуна), мурғ, саг ва хук (хубон)

Ин солшуморӣ шакли сиклӣ (даврӣ) дошта баъди ҳар 12 сол такрор меёбад. Соли мучал аз Наврӯз ибтидо мегирад ва ҳисобро аз он оғоз мекунанд, ки гуфтаанд:

Мушу бақару палангу харгуш шумор,

Чун чор бигзарад наҳанг ояду мор.

В - он гоҳ ба аспу гӯсфанд ҳаст ҳисоб,

Ҳандонаву мурғу сагу хук охири кор.

Солҳо хосиятҳои худро доранд. Масалан, дар соли наҳанг (моҳӣ) боришот зиёд гашта, дар соли маймун (ҳамдуна) тағйироти боду ҳаво зиёд гашта, ҳаракати симоб дар ҳароратсанҷ пасту баланд мешавад. Саг, ки бисёр ҳайвони бамеҳр аст, вафодорӣ зиёд мешавад. Соли 2018 соли меҳру муҳаббат, соли вафодорию муваффақиятҳои меҳнатӣ буд.

Бадриддин Холиқов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35.