Чт06272019

Last updateСр, 15 Май 2019 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ЛАБХАНД

Зан ба ишваю ноз аз шавҳараш пурсид:

- Азизам, дар рӯзи иди занон бароям ягон туҳфа харидӣ?

- Албатта харидам, ҷонакам.

- Маъқул нашавад-чӣ?

- Бурда месупорам.

***

-Азизам, дар иди занон бароят чӣ туҳфа кунам?

-Намедонам!

-Набошад, барои аниқ кардани туҳфа як соли дигар муҳлат медиҳам.

***

Домод дар рӯзи иди занон дар тарабхона мурданивор арақ хӯрда ба хонаи хушдоманаш омада куртаи худро боло карда гуфт: «Туф кун!». Чӣ тавр мешавад, ки ба миёни домоди дӯстдорам туф кунам?

-Илтимос, туф кун. Духтур барои тарбод заҳраки мор фармуд.

***

Зан рӯзи 8 март назди оинаи барқад худро оро медод. Духтарчааш, ки хӯрок мехӯрд, ба мӯйҳои дарози модар нигариста пурсид!

-Модарҷон, чаро мӯи сари падарам ин қадар кам?

-Падаратон боақланд.

-Набошад мӯи сари шумо ин қадар бисёр?

-Даҳоната пӯшу хӯрокатро хӯрдан гир.

***

Зан аз шавҳараш хоҳиш кард, ки ба ӯ дар иди занон палтои пӯсти заргӯш харад.

-Азизам, палтои пӯсти заргӯш дар зимистон баданро хунук мегирад.

-Дили нохоҳам узри бисёр. О, заргӯш тамоми умр бо ин пӯст гашта хунук намехурад, -ку?!

Таҳияи Т. Соҳибназар.