Вс03242019

Last updateПт, 15 Март 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

НАРХИ ПАТЕНТ БОЛО РАФТ

Муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи ҳаёти мардуми олам гардидааст.  Дар ҷаҳон ҳамасола тақрибан зиёда аз 300 миллион одам дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Шаҳрвандони кишвари мо низ бо мақсади пайдо кардани ризқу рӯзи, беҳтару хубтар шудани сатҳи  зиндагии худ барои кор кардан ба хориҷи кишвар сафар мекунанд.

Аксарияти  шаҳрвандони мо барои муҳоҷирати меҳнатӣ  Федератсияи Россияро интихоб кардаанд.Аз хотир зарур аст, бо қоидаҳои буду бош дар қаламрави ин кишвар  огоҳӣ дошт. Чӣ тавре  ба ҳамагон маълум аст аз 1 июли соли 2015 дар Россия Патент ҷорӣ карда шудааст, ки барои гирифтани ин ҳуҷҷат ба мақомотҳои минтақавии Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Россия муроҷиат кардан лозим меояд. Мӯҳлати истифодабарии Патент 12 моҳро дар бар гирифта бо пардохти ҳар моҳа ё семоҳа пешбин карда шудааст.

Ҳамзамон ба иттилоои шаҳрвандон мерасонем, ки аз 1 январи соли 2019 дар аксар субектҳои федеративӣ арзиши андози моҳонаи Патент боло бурда шуд.

Инчунин дар бархе аз минтақаҳо нархи хизматрасониҳои марказҳои бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ барои қабул ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима барои ба расмиятдарории Патент низ афзоиш дода шудааст. Масалан дар шаҳри Москва дар соли 2018 нархи имтиҳонсупорӣ 700 рубл ва қабули ҳуҷҷатҳо 3500 ҳазор рубл бошад дар соли 2019 мутаносибан 900 рубл ва 4000 муқаррар карда шудааст. Ҳамин тариқ соли равон дар маҷмӯъ ҳаҷми Патент ба андозаи 1000 рубл боло рафт.

Агар мӯҳлати Патент анҷом ёбад ё маблағи он барои моҳи оянда насупорида  бошад, онгаҳ шаҳрванд дар давоми 15 рӯз бояд ҳудуди ФР тарк намояд.

Муҳоҷирон бояд огоҳ бошанд, ки баробари ворид шудан ба қаламрави ФР аз лаҳзаи убури  сарҳад ва ё ҳангоми ба дигар вилояти Россия бо дарёфти кор рафтан зарур аст, ки Шумо дар ҷои зисти нав худро ба қайди муҳоҷиратӣ гузоред.Барои дастрасии маълумоти бештар метавонед ба бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия (бо телефони 3-33-71)  муроҷиат намоед.

М. Рашидзода, мудири бахши 

Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия