Вт07232019

Last updateПт, 05 Июль 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

САТРУ ҲИҶОБИ МО-ШАРМУ ҲАЁ, СОҲИБМАЪРИФАТӢ

Ҳар халқу миллат аз оғози вуҷуд дорои либосҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллии худ мебошад. Либоспӯшии тоҷикон, махсусан занон, ки таърихи қадимӣ дорад, гувоҳ аз шавқу завқ, тозагию озодагӣ ва зебоипарастии онҳост. Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади риояи тарзи дурусти либоспӯшӣ ва ташвиқу тарғиби либосҳои миллии бонувон «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон»-ро ба шаҳрвандони кишвар пешниҳод намуд.

Воқеан, зарурати чоп ва таҳия кардани ин дастурамал аз он сабаб ба миён омад, ки солҳои охир миёни бонувон пӯшидани либосҳои миллатҳои бегона –сатру ҳиҷоб ва либосҳои дарози сиёҳ ба қавле «мусобиқаи либоси сиёҳпӯшӣ байни занон» ба як ҳукми анъана даромад. Албатта ҷомеаи мо озод аст, вале ин маънои онро надорад, ки бонувони мо либоси нимбараҳна ва сиёҳи сар то қадам маҳкамро дар бар кунанд. Агар мо ба дуртари таърихамон назар кунем, мебинем, ки модарону бибиёни мо сиёҳпӯш набуданд. Рӯймолҳои калону майдаи ҳарранга, куртаҳои васеи аз матоҳои тозаи пахтагин ва абрешимӣ дар тан ба онҳо аҷаб мезебид. Ва имрӯз аксар модарони кӯҳистонии мо бо чунин сарулибос мегарданд, ки боиси дастгирию пайравӣ аст. Пӯшида нест, ки имрӯз мо зери сатру ҳиҷобе, ки бархе аз бонувони мо доранд, чӣ ҳадафҳое ниҳон нест. Сатру ҳиҷобпӯш – ифродгаро, дурӯғгӯй, туҳматчӣ, ғайбатчӣ, бешарму беҳаё ва ғайраю ҳоказо. Ҳар рӯз тариқи расонаҳо огаҳӣ меёбем, ки сатрпӯшу ҳиҷобпӯшони мо ба чӣ корҳое, ки машғул нестанд. Пайдо мешаванд ҳатто мардоне, ки зери сатру ҳиҷоби занона паноҳ гардидаву   амалҳои бешарафонаи террористиро анҷом медиҳанд. Яроқу аслиҳаи дар зери сатру ҳиҷоб пинҳон кардаи ин мардзанони аксаран ришдору мӯйлабии террорист ҷони даҳҳо бонуҳои зебову фарзандони дар ҳукми гул бударо ба коми марг мекашад. Воқеан, ҷалби занони сатру ҳиҷобпӯш дар иқдомоти террористӣ ҷараёнҳои ифротӣ дар Осиёи Марказӣ падидаи нав буда ин тасавуротро, ки террорист фақат симои мардона дошта метавонад, батадриҷ тағйир медиҳад. Хушбахтона, аз ширкати занони тоҷик дар чунин созмонҳо иттилое пахш нашудаааст.

Соли 2015 ба ман дар қатори як гурӯҳ ҳамдиёрон шарафи бузург- зиёрати хонаи Худованд насиб гардид. Дар давлати Арабистони Саудӣ, ки фарсахҳо аз кишварамон дур аст, мо, бонувони тоҷик, бо либосҳои миллӣ, бо парчами Тоҷикистон болои китфон дар байни намояндагони давлатҳои дунё ифтихор намудем. Ва баъди баргаштан шахсан ман ивази либос накардам. Он чӣ ки мепӯшидам яъне бо ҳамон рӯймолу либос мегардам. Дар суҳбату вохӯриҳо бо одамон хоса ба бонувон мегӯям, ки сатру ҳиҷоби мо –дасту дили нияти пок, шарму ҳаё, маърифати баланд, ҳалимию меҳрубонӣ, хоксорию нангу номуси тоҷикона, сару либоси шинаму озодаи гузаштагонамон бояд бошад.

Модарони тоҷики мо давомдиҳандаи анъанаҳои беҳтарини либоспӯшии гузаштагонамон буданд. Дар мазҳаби ҳанафии мо сиёҳпӯшӣ ҷорӣ набуд. Он бо ранги сабз, ки аксаран ранги дӯстдоштаи мо бонувон аст, сарчашма гирифта то ба замони мо расидааст. Ва мо бонувони соҳибмақом бояд суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон - «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи пештар хотима бахшида, сару либоси миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем»-ро сармашқи кори худ намоем.

                                                             Т. МУНАВВАРА.