Ср11202019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ПАЁМ - РОҲНАМОИ МОДАРОН

26 декабри соли 2018 дар толори калон «Кохи Сомон»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Ифтихормандам, ки маротибаи сеюм шарафи иштирок кардан дар маҷлиси ироаи Паёми Сарвари давлат насибам мегардад. Паёми имсола чун Паёмҳои қаблӣ масъалаҳои меҳварии ҷумҳурӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияти мардум, ҳифзи марзу буми кишвар, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занон, ҷавонон, сайёҳӣ ва дигар вазифаҳои муҳими рӯзро дар бар гирифтанд. Инчунин дар Паёми имсола Сарвари давлат ба мақому манзалати занону модарон дар ҷомеа баҳои баланд дода, мавқеи онҳоро дар тадбиқи сиёсати иҷтимоии давлату давлатдорӣ, дастгирии онҳо ба воситаи якчанд барномаҳои давлатӣ, квотаҳои президентӣ барои духтарон, квота барои бонувон баҳри рушди соҳибкорӣ ва даҳҳо санадҳои дигар бахотири  фаъолияти занон имкониятҳои бузургро фароҳам оварданд, ки мавриди амал қарор доранд. Дар Паём оиди арҷгузорӣ ба заҳматҳои зан-модар, ранҷу машаққати ӯ дар тарбияи дурусти фарзандон  сухан рафта, бори дигар Сарвари давлат ба мо, модарону бонувони кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошем. Фарзандонро ба зиндагии мустақилона ҳидоят намоем, сарфаю сариштакориро омӯзонем. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги бойи миллӣ ва расму оинҳоро ҳифз намоем. Барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ҳамеша талош намоем, ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.

Бонувони диёр нуқтаҳои асосии дар Паёми имсола омадаро бо диққат омӯхта шукронаи истиқлолияти озоди кишварамонро менамоянд. Ҳар амали некеро, ки анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, ватани азизу маҳбубамон мекунем.

Г.ХАЛИФАЕВА, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия.