Ср12122018

Last updateВт, 11 Дек 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

САДОҲО РӮҲНАВОЗ, РАҚСҲО ҶАЗЗОБ

Ҳар дафъае, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» баргузор мегардад, бо кӯшишу заҳмати роҳбарияти бахши фарҳанг аз ҷумлаи ҷавонписарон ва духтарони ноҳия истеъдодҳои нав рӯйи саҳна меоянд, ки боиси ифтихори мардуми Файзобод мегардад. Мақсади асосии озмунҳои «Андалеб» низ ҳамин аст.

Дар доираи  ҳамин  чорабинии ҷумҳуриявӣ рӯзи 10-уми ноябр дар Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова консерти санъаткорони Файзобод барпо гардид. Аз пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе барои баҳодиҳӣ ба ҳунари иштирокчиёни «Андалеб - 2018» ҳакамон бо сарварии Абубакр Зубайдов, олими фарҳангшинос, номзади фанҳои таърих, ташриф оварданд. Ба мушоҳидаи ҳакамон санъаткорони диёр ба озмуни ҷумҳуриявӣ хуб тайёрӣ дидаанд. Чеҳраҳои нав мисоли Дилноза Салимова ва Нурализода Садорат (раққосаҳо), Шамсзода Шукрулло (машшоқ), Фархунда Раҳимова (ҳофиза), Шукрона Сангова (мақомхон), ки бо ҳунари худ тамошобинонро ба ваҷд оварданд, баҳои баланд (10 хол) гирифтанд. Раиси ҳакамон маҳорати навозандагии Шамсзода Шукруллои хурдсолро, ки дар мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев ҳунар меомӯзад, ба таври хосса қайд кард. Шукрулло дар озмун оҳанги Одилҷон Назаров «Сайри лола»-ро бо назокати риояи навозандагӣ иҷро намуд.

Санъаткорони ноҳия аз рӯи 14 намоиши саҳнавӣ 124,6 хол гирифта, якҷоя бо «Бозори ҳунармандон» (намоиши ҳунарҳои мардумӣ – 9,4), ҳолати обонии муассисаҳои фарҳанг (9 хол) ва саҳми раис дар рушди фарҳанг (5 хол) сазовори 148 хол дониста шуданд.

Ин баҳо дар муқоиса бо ноҳияи Ҳисор ва Тоҷикобод (аз гурӯҳи навоҳии водии Рашт) паст аст. Сабаб ҳамин, ки ҳакамон дар баъзе намоишҳо камбудӣ дарёфтанд. Эрод гирифта шуд, ки дар «Порча аз анъанаҳои миллӣ» («Коргоҳи ҳунармандон») саҳнаҳои солҳои пеш иҷрошуда ворид гардидаанд; бадеҳаи Бахтиёр Исмоилову Фархунда Раҳимова ҳаракатҳои ҷолиб надошт; дар «Намоиши сару либоси миллӣ» сару либоси мардона дида нашуд; яккахон Баҳриддин Назиров дар гардишҳои овоз аз зарбҳо андак қафо монду дар садояш хастагӣ ҳис карда шуд.

Ва ба ҳамин монанд баъзе камбудиҳои ҷузъӣ.

Назари тамошобинон нисбати баромади  санъаткорони диёр дигар буд: тамошобоб, кайфиятбахшу рӯҳнавоз, дилнишину фаромӯшнашаванда.

Роҳбарияти бахши фарҳанг аз директорони коллеҷи тиббӣ, литсейи касбӣ-техникӣ, мактабҳои рақамҳои 1 ва 35 барои пешниҳод кардани ҳаваскорони соҳибистеъдод изҳори миннатдорӣ карда, заҳмати бародарон Акрам ва Аҳмад Қурчиевҳо, коргардони барномаи консертӣ Ҳабибуллои Мирзошариф, роҳбари бадеӣ Абӯбакр Гулонов, роҳбари мусиқӣ Баҳриддин Назиров, оҳангсоз Рустам Бобиев ва омӯзгорони Муассисаи давлатии мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев (директор Ҷаҳонгул Аслонова)-ро қадр мекунад. 

                        М.ТАЛЪАТ.