Ср12122018

Last updateВт, 11 Дек 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ДАРАХТИ САХО РЕШААШ ДАР БИҲИШТ АСТ

Дар тантанаҳои ҷашни  омӯзгорон бо  фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сархатиби масҷиди марказии ноҳия Носирхӯҷа Раҳимов барои ҳамкорию дастгирии муассисаҳои таълимӣ ба ифтихори  Рӯзи муаллим бо унвони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардид. Хабарнигори «НФ» Т. Соҳибназар   бо Носирхӯҷа Раҳимов атрофи  сахову саховатмандӣ бо чанд савол муроҷиат намуд.

-Қорӣ Домулло, аввал шуморо ба унвони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданатон муборакбод мегӯем. Лутфан, оид ба фазилатҳои  саховатмандӣ чанд сухан гӯед.

- Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон, аммо баъд, ба фармудаи пайғамбари ислом Муҳаммад (с). Саховат дарахтест, ки решааш дар биҳишт аст. Ҳар кас ба ин дарахт даст бизанад, ҷойгоҳаш биҳишт мебошад.

Ба қавли шоир:

Асхиёро бо ҷаҳанам корнест,

Ҷои мумсик ҷуз даруни нор нест.

Аз ин мебарояд саховатпешагӣ ва кӯмаку дастгирӣ ба ятимону барҷомондагон фазилати инсони комил аст.

-Тибқи огоҳии мо, шумоба муассисаҳои таълимӣ робитаи наздик дореду мувофиқи имкониятатон ба ин муассисаҳодасти кӯмак мекунед…

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои корӣ, дар суҳбату вохӯриҳо, зимни сафарҳои кориашон ва Паёмҳои ҳамасола диққати роҳбарон ва шахсони масъулро ба дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи маориф ҷалб менамоянд ва ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои соҳа дастуру супоришҳо медиҳанд. Аз ҳамин лиҳоз ҳар сол бо қадри тавоноие, ки дорам, ба муассисаҳои таълимӣ кӯмак мекунам. Имсол дар арафаи соли хониш майдончаи волейбол, толори варзишӣ бо ҳамаи таҷҳизотҳои зарурӣ, инчунин 400 метр роҳи назди  муассисаи рақами 11-ро сангфарш ва роҳи 1,5-километраро аз шоҳроҳ то назди муассисаи таълимии  деҳаи Элок  бо дастгирии қиблагоҳамон ва бародарон мумфарш карда,  чанде аз синфхонаҳоро низ аз таъмири ҷорӣ баровардем.

-Қорӣ Домулло, чун  Шумо ба таълимгоҳҳо  ҳамкорӣ  мекунед,андешаҳоятонро оид ба илму донишомӯзӣдонистанием. Ҳамчунин ҳастанд нафароне, ки монеъи таҳсилу касбомӯзии  духтаронашон мешаванд. Аз нигоҳи  ислом барои илмомӯзии духтарон оёмонеа вуҷуд дорад?

-Масъалаи илмро Қуръони карим дар ҷои аввал мегузорад. Илмомӯзӣ се сарчашма дорад: бисёр дидан, бисёр хондан ва бисёр азоб кашидан. Илм саодати инсонро таъмин мекунад, ҷаҳолатро аз байн мебардорад. Илм адл аст.

Аз таъкидҳои бузургони ислому аҳли адабамон бармеояд, ки илм аз ибодат болотар аст. Яъне дар роҳи Худо илм омӯхтан ҳасана аст. Ҷустуҷӯйи илм ҷиҳод асту таҳсили илм бошад, ибодат дар роҳи Худо.  Илм омӯхтан ба Худо наздик шудан аст. Бо ин гуфтанием, ки илм фарҳанг, ақл ва идроки инсонист.

Дар ҳадис омада, ки шахсе аз Пайғамбарамон, Муҳаммад (с) савол мекунад, ки як писару як духтар дорам. Кадоме аз онҳоро илм омӯзонам?

- Ҳардуро, - ҷавоб дод Пайғамбар (с).

- Чунин дороӣ надорам.

-Дар ин сурат духтаратро илм омӯз, -таъкид кард Пайғамбар (с).

Аз ин мебарояд, ки дар шариати ислом барои илмомӯзии духтарон монеъае нест.

Аз ин хотир барои илмомӯзии хоҳарон мо, ҳамагон масъулем. Зеро аз модари босавод ҷомеаи босаводро интизор шудан мумкин аст.

- Ҳамдеҳагон, сокинони  деҳаи Элок аз шумо миннатдорӣ мекунанд…

-   Барои сокинони деҳаи Элок, ки аксари занон бекору хонашинанд, бинои дуқабатаи сехи дӯзандагӣ, хона-музейи шоир Усмон Шарифзода (рӯҳаш шод бод) ва китобхона барои сокинони деҳа сохта ба истифода додем ва имрӯз чанде аз занону духтарони деҳа соҳиби ҷои кори доимӣ шуданду қуроқу гулдӯзиҳои духтаашонро ба савдо мебароранд. Берун аз ҳудуди деҳа бошад, бо дастуру дастгирии раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ дар деҳаи Саричашма аз ҳисоби шахсӣ бинои панҷҳуҷрадор сохта ба модари даштимарзоӣ, ки чор фарзанд ба дунё овардааст, туҳфа кардам. Айни ҳол бошад, бо ҳамдастии хатибони масҷидҳои ҷомеи ноҳия барои маъюбон хона месозем.

-Дар хатми суҳбатамон  ҳамчун сархатиби  ноҳия ба дигар саховатмандони диёр чӣ гуфтание доред?

-Ҳастанд нафароне ба монанди Ҷамшед Ғафуров, Маҳмадшариф Комилов, Наврӯз Бобиев, ки дар баробари сохтану ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ ба ятиму барҷомондаҳо ва камбизоатон кӯмак мерасонанд. Дигар ин ки шукри Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти Тоҷикистон, ки барои зиёрати Хонаи Худо монеаҳо ҷой надоранд.Шахсиятҳои зиёде, ки дороӣ доранд, ба зиёрати Хонаи Худо мераванд. Вале пеш аз зиёрат ва паси зиёраташон кори хайреро баҷо намеоранд. Закоти молашонро ба ятиму камбизоатон садақа намедиҳанд. Сарвату боигарӣ доранду ба ҳамсояи худ хушбин нестанд. Дар ҳадисе Расули акрам (с) мефармояд: «Савганд ба Худо муъмин нест, савганд ба Худо муъмин нест». Пурсиданд: чӣ касе ё Расулаллоҳ? Пайғамбар фармуд: «Касе, ки ҳамсояи ӯ аз бадкирдориҳо ва захми забони ӯ дар амон нест».

Дар охир ҳаминро таъкид карданиам, ки мо, ҳамагон хайру сахоро пешаи худ бисозему бо ин амали некамон розигии Худои худро ба даст биорем.