Пн10072024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ИСРОФКОРӢ ВА ИСТИФОДА АЗ ВАКОЛАТ АЗ РУКНҲОИ КОРРУПСИЯ ҲАСТАНД

Аксарият дар ҳамин ақидаанд, ки коррупсия танҳо азхудкунии маблағҳои давлатӣ ва додану гирифтани пора аст. Аммо мафҳуми коррупсия бо ин ба охир намерасад. Афзалияттҳои хешу таборӣ ҳангоми ҷобаҷогузории кадрҳо дар муассиса, истифодаи кормандон дар корҳои хоҷагидорӣ, сӯиистифодаи нақлиёти давлатӣ, аз ҳади ваколатҳо берун рафтани роҳбар ва ба зиёдарвию исрофкорӣ роҳ додан низ аз шохаҳои амалҳои коррусионӣ маҳсуб меёбанд.      Агар ҳар шаҳрвандии одии ҷумҳурӣ ба моли давлат, ин ё он идораи кор мекардааш ва муносибат  ба  атрофиёнаш бетараф бошад, коррупсия ҷои он ки  хотима ёбад, то чанд дар кишвар доман паҳн мекунад.   Нанговартар аз ҳама он аст , ки мо ин амалҳоро чӣ дар кӯча, чӣ дар ҷои корамон зиёд мушоҳида мекунем, аммо хомӯширо авло медонем, ба хотире, ки назди роҳбар ҳамсояи калоншавандаамон рӯшум нашавем.  «Фалонӣ дар ду соли роҳбариаш хонаи сеошёна бардошт, як бригада ройгон омада ду ҳафта кор карданд”. “Амакашро ба ҳаҷ, ба зиёрати хонаи Худо гусел кард”. “Фалонӣҷиянашро тибқи квота ба донишгоҳ дохил намуд».   Ва боз даҳо мисол ба ҳамин монанд овардан мумкин аст, ки аз амалҳои коррупсионии сарварон ва ё наздиконамон гувоҳӣ медиҳад. Аммо зайле дар боло гуфтем, мо ба ин ҳама бетарафӣ зоҳир мекунем. Бояд донист, ки ин ҳама зиёдаравиҳо аз меҳнати ҳалоли ҳар кадоми мову шумо аст. Барои чи дар хонаи шумо касе як рӯз ройгон кор намекунаду дар хонаи роҳбар 10-12 нафар ҳафтаҳо  бемаош мардикорӣ мекунанд. Албатта барои пораи заминеро соҳиб шудан ё ҷои коре ёфтан дар ивази панҷ соли хондааш ва ё аз хизмати аскарӣ озод шудани писару каси дигараш. Ана ҳамин аст подоши заҳматҳои  ройгонию маҷбурӣ, ки ҳеҷ гоҳ лаб во кардан намехоҳанд. Як бор намеандешем, ки ин ҳама давлату савлат аз куҷо аст, маоши роҳбару сарварон ҳам баробари маоши мо, саводи фарзандону хешовандони онҳо аз мактабхонҳои мо низ фарқе надошт. Барои ҳамин ҳам мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамеша аз мардум тақозо дорад, ки дар паҳлӯи онон бошем. То ҷамъият аз амалҳои коррупсионӣҷилавгирӣ накунад, танҳо бо суду милисаву прокурор  теша ба ин реша задан маҳол аст. Тавре дар як нишасти бошукӯҳ нафаре аз мақомдорони ниҳоди назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт: «агар халқ-ҷамъият, хусусан шаҳрвандону ҷавонони ҷасур, ки руҳияи шикастнопазир доранд, дар бари мо ҳар қадар зиёд ва онҳо фаъолу намуна бошанд, амалҳои коррупсионӣ ҳамон андоза дар ҷамъият коҳиш меёбад». 

Исрофкорию зиёдаравиҳо дар муассисаву корхонаҳо, маорифу тандурустӣ хотима ёфт, маблағҳои буҷаи давлат низ зиёдтар захира мешавад. Дар он сурат иқтисодиёти кишвар боло ва зиндагии мардум ҳам равиши нав мегирад.  Ва танҳо моро ҳамоно як дастур- муқовимат бо коррупсия ва бетараф набудан бо амалҳои коррупсионӣ. Ин ҳидоят бар он аст, ки мо зиндагии наву ибратомӯзро касб кунем ва аз худ ба фарзандон як ҷомеаи ободу солим, бидуни коррупсияро ба мерос гузорем.

Р. НАЗИР