Пн10072024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

«МО БЕ ШУМО ҲЕҶЕМ!»

Муаллим, омӯзгор - вожаҳои бароямон ошною дӯстдоштаниянд. Бале, ӯст, ки  барои  навиштани  ҳарфе ё рақаме рӯзҳои умри худро баромон қурбон сохта. Ва ин рӯзҳо ба ҳафтаҳову моҳҳову солҳо табдил шудаанд. Кунун он устодон умри ҷавону орзуҳову омоли хешро ба  сарфи донишандӯзии наслҳо бахшидаанду симои пири хирадмандро аз умр туҳфа гирифтаанд…

  Муаллим шахсиятест, ки ба тақдири ояндаи шогирд нақши муассир мегузораду аз бурду пирӯзиҳои ӯ болидарӯҳ, аз бохту нокомиҳо ғамгин мегардад. Воқеан, омӯзгор аст, ки ба шаби торики шогирдон равшанӣ мебахшаду бо ин мақсад зиндагӣ мекунад. Муаллим оина аст, ки ба он нигариста, камбудиву нуксонҳои хешро бартараф месозем. Яъне ҳар нигоҳу ҳар калому ҳар қадамаш ибратомӯз аст. Наметавон бе мураббӣ алфозе омӯхт, наметавон бе роҳнамо дониш андӯхт, наметавон худ бевосита ба ҷое расид. Муаллимон, шумоед, ки ба зиндагии шогирдон ҷаҳони маонӣ мебахшеду ба орзуҳо ҷомаи умед мепӯшонед ва сӯи мақсадҳо раҳнамун месозед.

Меҳру муҳаббати Шумо дар қалби ман ҳамешагист. Бо фарорасии «Рӯзи омӯзгорон» кулли муаллимон, аз ҷумла устодони қадрдони МТМУ № 21-ро ба ин рӯзи муқаддас таҳният мегуям, барояшон саломатӣ, сарбаландӣ ва комёбӣ мехоҳам.

Ҷашн дорад, ин замон, дар мамлакат омӯзгор,

Тирагиро дур созад, нур бахшад рӯзгор.

                                                                                                          Фарзона ВОСЕЕВА.