Вс10212018

Last updateПт, 19 Окт 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ҚАНҒЕЛӢ ЧАРО ГУЛОБОД НАШУД?

Боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  «Забони номгузорӣ» ном гирифтааст. Дар  моддаи 19, ки: Номгузории маҳалҳо муаррифӣ мешавад, дар банди якуми он аз ҷумла омадааст: «Номгузорӣ, иваз намудани номи вилоятҳо, шаҳрҳо, деҳаҳо, инчунин кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, боғҳои фарҳангӣ ва дигар маҳалҳои аҳолинишин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад».

Деҳаи Қанғелӣ яке аз деҳаҳои тобеи ҷамоати ба номи Дӯстмурод Алиев аст, ки бо нуфуси зиёди аҳолӣ қатори деҳаҳои калони ҷамоат ном бурда мешавад. Қанғелӣ дорои мактаби таҳсилоти умумӣ, бунгоҳи тиббӣ буда, мардумонаш дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия фаъолият мекунанд. Ин маҳал то инҷониб бояд номи наверо ба худ касб мекард. Чаро ин тавр нашуд? Ҳамин чаро хотираи чор соли пеш - яке аз маҷлисҳои саҳроиро пеши рӯ овард. Ин  маҷлис, ки дар он  кулли сокинони деҳаи Қанғелӣ ҳузур доштанд, оғози фасли тирамоҳӣ зарнисор дар як гӯшаи офтобии ин маҳал доир гашта буд. Он рӯз аз масофаҳои дур, аз хаму ёлаҳои душворгузар тибқи яке аз барномаҳои гуманитарӣ ва кӯмаки аҳолӣ ба деҳаи Қанғелӣ оби ошомиданӣ оварда буданд ва дар он намояндаҳо аз кумитаву вазоратхонаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҳозир буданд. Бисёриҳо сухан гуфтанд, хусусан аз ташаббусҳои созандагии Раҳбари давлат, ободию шукуфоии Тоҷикистон ва вусъат додани корҳои ободонӣ дар маҳал таърифу тавсифҳо хеле зиёд шуд. Аммо нуктаи аз ҳама хубу ҷолиб ва хотирмон он рӯз пешниҳоди вакилбонуи ин маҳал Моҳистон Рауфова буд, ки мехост  номи деҳаи азизаш-Қанғелиро исми гуворои Гулобод иваз намояд. Мавҷи қарсаку дастафшониҳо ва ҷонибдории мардум меҳмонони гирдомадаро низ хеле писанд омад ва раиси вақтии ноҳия Имомназар Каримиён таъкид намуд, ки масъулин оҷилан масъаларо ҳал кунанд.

Ҳафтае пеш яке аз фаъолони ҷамъиятӣ, директори мактаби рақами 21 Табаралӣ Кабировро пурсон шудам, ки чаро Қанғелӣ то ҳозир Гулобод нашуд. Бино ба гуфтаи директор худи ӯ пешниҳодро то ҷамоати ба номи Дӯстмурод Алиев расондааст, аммо он тарафи масъала норӯшан монд.

Раиси ҷамоати мазкур Зайдулло Зубайдов бошад дар посух гуфт, ки воқеан ин пешниҳод ба дасти мо расид. Бояд ин яке аз мавзӯҳои маҷлиси ҷамоат мешуд, аммо дертар идае аз сокинони маҳал ба номи Гулобод зид баромада, номҳои дигарро пешниҳод намуданд. Барои ҳамин масъала то ба ҳол мавқуф гузошта шудааст. Раис дар навбати худ зикр намуд, ки ба номи ҳозираи деҳа – Қанғелӣ чандон розӣ нест. Табаралӣ Кабиров, директори мактаб ба  он назар аст, ки дар бунёду ободӣ ва шукуфои деҳа   инсони шарифу оқил, собиқадори ҷангу меҳнат шодравон Раҳмон Ҳалимов саҳми бузург дорад. Мешавад, ки номи деҳа ба исми шарифи ӯ- Раҳмонобод иваз шавад.

Равоншод бобои Раҳмон ҳамагӣ як ронандаи оддӣ буд, ки дасти ҳазорҳо корафтодаро гирифтааст, аммо дар маҳаладорӣ кору сиёсаташ хеле ҷиддӣ буд. Қатори ӯ боз дигар инсонҳои бузург низ ҳастанд, ки сангзори  Қанғелиро боғистон кардаанд. Сокинони маҳал бояд сари номи хубе ба хулоса оянд.

 Манзур аз гуфтаҳо ва навиштаҳои мо низ санги маломат задан ба касе ё борандозӣ ба ину он нафар ҳам нест, танҳо ҳадаф ин аст, ки номи деҳа бояд ҳар чӣ зудтар иваз шавад. Мардумони ин маҳал ба ин ё он гӯшаи ҷумҳурӣ, ба кор ё дидорбинии хешу ақрабо мераванд, аммо аз муаррифии номи деҳаи худ дар шигифт мемонанд, вақте маънии онро баён карда наметавонанд.

Р. НАЗИР.