Вс10212018

Last updateПт, 19 Окт 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

БА ТОЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ ҲАМАГОН МАСЪУЛЕМ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2015 оид ба муаррифии «Барномаи давлатии комплекси рушди тарбияи маърифати экологӣ» қайд намуданд: «Табиати биҳиштосои Тоҷикистон аз пурарзиштарин сарватҳои миллӣ ва неъматҳои моддӣ буда, ҳифз ва муаррифии шоистаи он шарти муҳими рушди ояндаи миллат мебошад». Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои татбиқи босамари ин барнома «тамоми имкону захираҳои таълимию тарбиявӣ бояд васеъ истифода шаванд, чунки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъулияти баланд эҳсос намояд».

Ҳадафи асосии тарбия ба маърифати экологӣ ҳам аз он иборат аст, ки инсониятро ба ҳаллу фасли масъалаҳои гуногуни экологӣҷалб намуда дар ниҳоди ӯ муносибат ба наботот, ҳайвонот, об хок ва ғайраро ташаккул диҳад, муҳити зист ва манзараҳову мавҷудоти онро ҳифз намояд.

Дар самти амалӣ гардидани ҳамаи ин қарору чорабиниҳо корҳои зиёде аз ҷониби кормандони ҳифзи муҳити зист, маориф, Бахши кор бо ҷавонон ва Маркази назорати давлатии эпидемиологӣ ба анҷом расонида шуда бошад ҳам, камбудию норасоиҳои зиёде то ба ҳол дида мешавад. Набудани ҷойҳои алоҳидаи партовгоҳҳо, ба талаботи санитарию гигиенӣҷавобгӯ набудани назди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, муҳофизати олами набототу ҳайвоноти маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот аз ҷумлаи норасоиҳоеянд, ки ҳалли ҳар чӣ тезтару беҳтари он ба манфиати ҳар як шаҳрванд ва дар умум тамоми ҷомеа мебошад.

Чун ҳамагон шоҳиди ҳоланд, маркзи ноҳия ва ҷамоатҳои деҳоти он солҳои охир рӯз аз рӯз ободу зебо ва сарсабзу ҳамешасабз гашта истодааст. Аммо таассуфангез он аст, ки маърифати пасти экологӣ сабаби рафтору муносибати нодурусти баъзе шахсон нисбати нигоҳубини ниҳолҳои сабзи арча, гулу гиёҳҳои зебои шафати шоҳроҳи марказӣ табъи ҳар бинандаро хира мегардонад. Шоҳиди ҳол амалиёти санҷишии кормандони Бахши ҳифзи муҳити зист дар давоми се рӯзи моҳи равон аз 17 то 20 сентябр аст. Дар Ҷамоати деҳоти шаҳрак ба шаҳрванд Тоҳиров Насим бо сабаби беназорат гузоштани чорвои шахсӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда ба миқдори 250 сомонӣҷарима карда шудааст. Дар ҳамин муддат ба шаҳрвандон Салимов Мурод ва Ёқубов Назаралӣ, аз Ҷамоати деҳоти Ҷавонон барои бе назорат гузоштани чорвои шахсиашон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба миқдори 150 сомонигӣҷарима карда шудааст. Аз Ҷамоати деҳоти Бӯстон як нафар, Файзуллоева Гулбаҳор 250 сомонӣ, аз Ҷамоати деҳоти Вашгирд ду нафар Сафаров Саломатшоҳ ва Муслиҳиддинов Баҳром ба миқдори 150 сомонигӣҷарима карда шуда, протоколи маъмурии чор нафари дигар: Қурбонов Мурод, Пиров Абдуғаффор, Сафаров Умар, Саидов Шариф дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.

Худ қазоват кунед, ки агар дар муддати се рӯзи санҷиш чунин қоидавайронкунӣҷой дошта бошад, пас дар муддатҳои тӯлонитар ин шумора ба чанд мерсад.

Ҳамагон медонанд, ки тобистони имсола ниҳоят гарм омад ва барои ба об таъмин намудану саривақт об додани дарахтони ороишию хусусан гулу гиёҳҳои зебои назди шоҳроҳи марказӣ мушкилӣ эҷод гардид. Бо ин ҳама шахсони масъули ин кор тавонистанд, ки дарахтон ва гулу гиёҳҳоро аз хушкшавӣ эмин нигоҳ доранд. Ҳамчунин барои аз ҳашаротҳои зараррасон нигоҳ доштани онҳо се чор маротиба аз доруҳои зиддиҳашаротӣ истифода карданд. Пас, бояд андеша кард, ки беэҳтиромӣ нисбат ба меҳнати дигарон ин беэҳтиромӣ нисбат ба худ аст.

Хулоса, аксарияти норасоиҳои зикргардида дар паст будани сатҳи тарбияти маърифати экологӣ мебошад. Ташкили самараноки тарбияи маърифати экологии шаҳрвандон имконият фароҳам меорад, ки инсон муҳити зист ва биосфераро ҳимоя кунад. Тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳама ҳимояи генофони миллат аст. Тақвият додани ин соҳаи тарбия ва ҳифзи муҳити зисти атрофи зиндагии ҳар як шаҳрванд ба шахсият ва масъулияти шаҳрвандии он дар назди худ ва атрофиён маҳсуб меёбад. Зеро ноҳияи Файзобод   дорои табиати ҳамешсабзу зебо ва пурарзиштарин сарватҳои табиию моддӣ мебошад ва аз ин хотир нигоҳдорӣ ва ҷалби меҳмонону сайёҳон ба табиату манзараҳои дилфиреби он  вазифаи ҳар яки мо маҳсуб меёбад.

Ҳ. Акрамзода, «НФ».