Пн09242018

Last updateПт, 21 Сен 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК!

 

Сафарбек Нурзода, яке аз чеҳраҳои сиёсии даврони шӯравӣ ва имрӯз дар сатҳи ноҳия, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба медали «Хизмати шоиста» шарафёб гардид. Аз хизматчиёни давлатии ноҳия ӯ ягона шахсест, ки ба шарафи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сазовори ин мукофоти давлатӣ гардидааст.

Ин мукофотро 30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба ӯ супурд.

Сафарбек Нурзода, ки алҳол мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мебошад, фаъолияти меҳнатиашро дар идораҳои сиёсӣ аз мушовири кумитаи комсомол оғоз намуда, аз рӯи дониши мукаммал, тавоноии ақлу фаросат зина-зина боло рафт. Воқеан, ӯ донишкадаи омӯзгории Кӯлобро бо дипломи сурх тамом карда, дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш пайваста дар талоши хондану омӯзиш аст. Ҳар ҷое кор кардааст, барои иҷрои супоришу вазифаҳо ғайрату неру ва донишаш басандагӣ карда, аз ҳамин ҷиҳат соҳиби иззату икром шудааст.

Ҳар касе аз ин мукофоти давлатӣ хабардор шуд, ӯро сидқан муборакбод кард.

М. ТАЛЪАТ, «НФ».