Вт11132018

Last updateЧт, 08 Нояб 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ИСТИҚЛОЛИЯТ: НИГОҲЕ БА БУРДИ ДАҲСОЛАҲО

Соҳиби Истиқлолияти давлатӣ  гардидани Тоҷикистон барои рушди ҳамаҷонибаи кишвар мусоидат намуд. Пешравиҳое, ки имрӯз дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ ба даст омадаанд, бе Истиқлоияти давлатӣ тасаввурнопазир буданд. Аз ҷумла се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи мо низ, агар муҳиту муҳлати мавҷударо ба назар гирем,  дастовардҳои беназир ба амал омаданд. Атрофи дастовардҳои ин се даҳсола андешаҳои чанде аз фаъолони ноҳияро манзури хонанда хоҳем кард.

Нурзода Сафарбек-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия.

Ҳанӯз дар давраҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, нигоҳ накарда ба вазъи ноҷӯри ҷомеа, идомаи ҷанги шаҳрвандӣ тағйиротҳои муҳим ба амал омаданд, ки пеш аз ҳама ба дигаршавии тафаккури мардум дар боби Ватану ватандорӣ, ҳисси ифтихори миллию худшиносии мардум, хусусан ҷавонон вобастааст. Дар ин давра дастовардҳои маънавӣ назаррастаранд.  Метавон гуфт, ки дар оғоз як таҳаввулоти инқилоби маънавӣ шурӯъ гардид ва он оҳиста-оҳиста қувват пайдо намуда, доираи васеъи аҳолиро фаро гирифт.

Дар даҳсолаи дуюм дастовардҳои иқтисодӣ бештару назаррастар гардиданд.

Афзудани таваҷҷуҳи сокинон ба ободии диёр, иштироки бевоситаи онҳо дар ободонии маҳалҳои зист, ҷоннок шудани фаъолияти соҳибкорӣ сол аз сол афзудани амалҳои хайру савоб аз ҷониби сокинони  маҳал, аз қабили бунёди роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, дастгирии бештари ниёзмандону табақаҳои осебпазири ҷомеа аз ҷумлаи дастовардҳои давраи охир аст, ки рӯз аз рӯз бештар эҳсос мегардад.

Акрамзода Зиёрат-сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард.

Дастоварди асосӣ он аст, ки миллат аз парокандагӣ ва нобудӣ раҳоӣ ёфт. Муҳимтарин воқеаи даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ  Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад.

Дар даҳсолаи дуюм қадамҳои нахустин сӯйи бунёдкориву созандагӣ гузошта шуд.  Таъмиру азнавсозии шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат Рашт, ки ноҳияи моро ба пойтахти кишвар мепайвандад, аз нигоҳи банда, дастоварди ин давра барои сокинони диёри мо маҳсуб меёбад.

Комёбиҳои ҳашт соли охир зиёданд.  Бунёди маркази саломатӣ дар маркази ноҳияро аз дастоварди муҳими ин солҳо метавон гуфт.

Ҳуснигул Ҳалимова-мутахассиси бахши САҲШ.

Бо назардошти маҳдудияти  имконоти қисми муайяни ҷавонон, бахусус духтарон ба донишандӯзӣ, аз ҷумла маълумоти олии касбӣ дар даврони аввали истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллат соли 1997 квотаи президентӣ таъсис ёфт. Ин падида аз нигоҳи ман дар даҳсолаи аввал дастоварди бузург аст. Зеро донишу хирад боиси бақои давлату миллат аст.

Дастоварди даҳсолаи дуюм бароям ин оғози корҳои сохтмонии НОБ Роғун аст. Зеро он ҳамун иншооти азими аср арзёбӣ гардидааст. Баробари ин баистифодадиҳии он мояи фахр ва нангу номуси миллати сарбаланди тоҷик мебошад.

Маротибаи сеюм аз ҷониби Созмони Миллали Мутаҳид дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Пешвои миллат дар масоили обро аз комёбии даҳсолаи охир медонам. Зеро падидаи мазкур бори дигар ба ҷаҳониён собит месозад, ки чунин миллат дар олам вуҷуд дорад ва Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷо гирифтааст.

Аз нигоҳи мо дастоварди аз ҳама муҳим ин Истиқлолияти давлатист, ки 27 сол боз парчами сарбафалаккашидааш дар ҳавои сулҳу ваҳдат болои сари мо партавафшонӣ дорад.

Таснифи Собир РОЗИҚОВ.