ИҶТИМОЪ
Т А Б Р И К О Т
- Подробности
-
20 Авг 2018
- Опубликовано 20.08.2018 10:03
Т А Б Р И К О Т И
РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ МИРАЛӢ РАҶАБЗОДА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Ҳамдиёрони азиз! Ҳамасола мусулмонони мамлакат дар як фазои орому осуда, бо шукргузорӣ аз сулҳу суббот ва ҳаёти осоишта яке аз идҳои мазҳабии худ - иди саиди Қурбонро таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат тамоми сокинони шарафманди ноҳияро табрик мегӯям.
Иди саиди Қурбон барои мардуми мусулмон яке аз сунатҳои бисёр муқаддаси динӣ ба шумор меравад, зеро он таҷассуми беҳтарин арзишҳои инсонӣ-сабру таҳаммул, раҳму шафқат, некиву накукорӣ ва дигар аъмоли хайру созанда мебошад.
Мардум дар рӯзи ид ба аёдати беморону барҷомондагон, мусибатдорону ниёзмандон мераванд, ба арвоҳи гузаштагон дуои нек мефиристанд, ба бепарасторону муҳтоҷон кӯмак намуда, ба наздикону пайвандон саломативу хушрӯзӣ, барои Ватану диёр ободию шукуфоиро таманно мекунанд.
Соли равон ин иди муқаддаси мазҳабиамон ба рӯзҳое рост омадааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони ноҳияи мо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию бунёдкориро бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба вусъат дода истодаанд. Маҳз ҳамин Истиқлолият бароямон имкон фароҳам овард, ки дар як фазои озоду осоишта фаризаҳои динии худро адо намоем. Бо шарофати ин неъмати бузург ҳар сол ҳазорҳо нафар сокинони ҷумҳурӣ яке аз рукнҳои муҳими дини ислом маросими ҳаҷро адо намуда, ба зиёрати хонаи Худо мушарраф мегарданд. Имсол низ 56 нафар сокинони ноҳия, аз ҷумла як нафар тибқи квотаи аз ҷониби Президенти кишвар ҷудогардида озими хонаи Каъба гардиданд. Мавриди қайд аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти озодии эътиқод, эҳтиром ба арзишҳои дини мубини ислом, ҳимояи он аз ҳар гуна айбдоркуниҳои беасос хизматҳои арзишманд мекунанд.
Дар шароити ҷаҳони имрӯза, ки душманони дини мубини ислом бо ҳар роҳ мекӯшанд аз номи дин, бо истифода аз нофаҳмию ноогоҳии ҷавонон дини мубини исломро бадному доғдор созанд, миёни намояндагони мазҳабҳову динҳо ҷудоӣ андохта, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намоянд, ҳар як фарди мусулмон вазифадор аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар муқобили амалҳои зишту номатлуби ҷаҳони имрӯза, эътиқоду самимият нишон дода, арзишҳои диниро хифз намояд. Пеш аз ҳама ба иғвою дасисаҳои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ба ислом ҳеҷ рабте надоранд, дода нашавем.
Ҳамдиёрони азиз! Иди саиди Қурбонро бори дигар ба ҳамаи Шумо аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, барои ҳар сокини ноҳия аз даргоҳи Худованди мутаол тандурустӣ, саодату сарбаландӣ, ризқу рӯзии фаровон, хонаи ободу рӯзгори хуш ва барои ҳар як хонадони ноҳия файзу баракат таманно менамоям.
Идатон муборак ҳамдиёрони азиз!