Пн09242018

Last updateПт, 21 Сен 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ДАСТАТ ШИКАНАД САНГШИКАН!

Мардуми тоҷик одати хуби   ба оромгоҳҳои гузаштагони худ рафтану манзили охирати эшонро зиёрату ба тартиб дароварданро дорад. Рӯзҳои иди Рамазону Қурбон зиёрати дастҷамъии мардум ба оромгоҳҳо сурат мегирад. Бо   мақсади зиёрати марқади наздиконам  рӯзе пештар аз баргузори Иди саиди фитр аз оромгоҳи деҳаи Сари Чашма дидан кардам. Ростӣ, кас аз дидани   ободкориҳои   оромгоҳ, чун девор бардоштани атрофи қабристон, васли панҷараҳои зебову бунёди роҳраву гулгашти назди мақбараи Хоҷаи Ҳотам шод мегардад ва ба онҳое, ки чунин кори хайру савобро пеша кардаанд сано мехонад. Аммо дидани манзараи харобгардонидани санги мазори баъзеи хуфтагони ин оромгоҳ касро дар шигифт мегузорад….

Санги ёдгории болои қабри Холов Музаффар- дӯст, бародар, ҳамкоре, ки зиёда сӣ сол якҷо фаъолият доштему дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекардем, шикаставу пора-пора дида, ростӣ, авзоям беҷо шуд, ашк гулӯгирам кард. Дарун-дарун хун хурда ба худ суол додам, ки ин кори кадом ноҷавонмарди разил, авбош, бедину диноят бошад? Магар ӯ мурдаву зинда надорад, ки ба амали нангин даст задаст?! Охир равоншод Музаффар Холов дар ҳаёт барои дигарон намунаи ибрат буду зиндагии шоистае дошт, ва, ба қавле, мурчаро озор намедод. Андешаҳо сахт озорам доданд. Он рӯз дигар зиёраткунандаҳо ҳолатамро дида гуфтанд, ки онҳо 6 адад чунин сангҳои шикаставу зиёда 15адад сангҳои нимшикаставу кафидаи хуфтагонро шуморидаанд.

Ай мардум санги болои мазор пушти киро мезанад?! Охир он нишони хоби абадият аст, на чизи дигар.

Сари ин андешаҳо ҳикояти шоири ширинкалом ҳамдиёри мову шумо, Муҳаммад Юсуф, ки зимни яке аз вохӯриҳояш иброз дошта буд, ёдам омад.Бо супориши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, бо мақсади вохӯрӣ бо меҳнаткашони вилояти Хатлон гуруҳи адибон ба сафар мебароянд. Ҳангоми аз назди қабристоне, гузаштан нафаре аз он ҳайат хоҳиши чанд лаҳза таваққуф кардани мусофиркашро карда таъкид медорад, ки «дар ин ҷо падару модарам хок шудаанд, як дуову фотиҳа хонда бармегардам». Ҳайати гуруҳ шоҳиди он шудаанд, ки рафиқашон қабрҳои волидайнашро наёфта саргардон аз як тарафи қабристон ба тарафи дигар қадам мезанад ва ниҳоят бо сари хаму димоғи сӯхта вориди мусофиркаш мегардад. Ин ҳолатро Муҳаммад Юсуф ба риштаи назм кашидааст:

Дер рафтам ба сари гӯри падар,

Хоки модар ҳам падар гум кардаам.

Дар миёни қабрҳои ноаён

Саргарон роҳи гузар гум кардаам...

Ин ҳикояти устод воқеан ҳам рисолати гузоштани санги рӯи мазорро рӯшан месозад.

Дигар ин ки масъулинро мебояд оид ба масъалаи сари вақт даравидани алафу тоза кардани оромгоҳҳо ва назорат аз болои чорвои бесоҳиб фаъол бошанд .

Бисёр мехостем, ки гӯристонҳои мо мисли   осорхонаҳои саркушода озода, зебо, гулафшон, муназзам, ибратомӯз, раҳмангез бошанд ва қадами нопоки чунин нафарони сияҳкор, беимону бевиҷдон дохили он роҳ наёбанд ва ҳақиқати абадиро бипазиранд, ки Ҳофиз фармуда:

Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст,

Ҳолиё ғулғулу дар гунбади афлок андоз.

Ҳ. МИРЗОШАРИФОВ, фарҳангшинос.