Пт11162018

Last updateЧт, 15 Нояб 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ИН МУАССИСА ҲУНАР ЁД МЕДИҲАД

Муассисаи давлатии мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев панҷоҳ сол пеш бо номи «Мактаби мусиқии бачагонаи ноҳияи Файзобод» ба фаъолият оғоз кард. Боре Ҳабибулло Мирзошарифов, ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон, гуфт, ки ӯ дастпарвари ҳамин муассиса аст. Ҳайати имрӯзаи таълимдиҳандагони мактаб изҳори хурсандӣ менамоянд, ки бо чунин шахси фозил кор мекунанд. Мақсади бо директори муассиса Ҷаҳонгул Аслонова мусоҳиб шудани мо, ки огоҳӣ ёфтан аз фаъолияти ин мактаби ҳунар буд, сухан аз Ҳабибулло Мирзошарифов оғоз шуд.

- Ҳабибулло Мирзшарифов аз устодони эътирофшудаи санъат буда, 37 сол боз дар ин соҳа кору фаъолият дорад. Касе инкор намекунад, ки ӯ дар рушду инкишофи фарҳанги Файзобод саҳми калон дорад. Бисёр намегӯем, фақат ҳаминро қайд мекунем, ки дар 13 соли роҳбарӣ ба соҳаи фарҳанги ноҳия гурӯҳҳои шашмақомхонӣ, фалак, карнайнавозӣ, фолклорӣ-этнографӣ ба вуҷуд омаданд. Аз мактаби мусиқӣ ба мактаби санъат табдил ёфтани ҳунаргоҳ низ кори устод Ҳабибуллои Мирзошариф аст. Агар гӯем, ки ягон фестивал ё озмунҳои ҷумҳуриявӣ бе иштироки фаъолонаи санъаткорони Файзобод намегузарад, хато намекунем. Бояд эътироф кунем, ки ғолибият дар озмунҳои «Андалеб» ба туфайли заҳмати Ҳабибулло Мирзошарифов муяссар мешавад.

Имрӯз ин шахсияти санъат дар муассисаи мо аз дутор ва шашмақом дарс медиҳад. Шогирдонаш ҳунари хуб доранд.

- Аз ҳунари сарояндагии Ҳабибулло Мирзошарифов тавассути баромадҳояш дар саҳнаи филармонияи ноҳия ва телевизиони тоҷик бисёриҳо огоҳанд. Мо бошем оҳангсозу сароянда будан, намоишнома навиштан, коргардонӣ карданашро хуб медонем. Аз ҳамкорони имрӯзаи Ҳабибулло киҳоро арзандаи таъриф медонед?

- Мо 21 мутахассис дорем, қариб дар ҳамаи асбобҳои халқию асбобоҳои замонавӣ. Ҳамаашон арзандаи таърифанд, зеро аксарият донишкадаҳои санъатро хатм карда устоди касб шудаанд. Масалан, муаллими най Убайдулло Холиқов 37 сол боз дар ин ҷо кор мекунад. Шогирдонаш хеле зиёданд. Хуршед Зуҳуров 17 сол мешавад, ки аз ғижжак дарс медиҳад. Акрамшоҳ Қурчиев, новобаста аз ҷавонӣ, ҳунари хуби найнавозию флейтанавозӣ дорад. Ӯ чанд нафар наврасонро ба ин ҳунар омӯхта кардааст. Зайдулло Мирзоев ва Шариф Асоев хеле зиёд шогирдони дойранавоз тайёр кардаанд. Музаффар Малангов аз фанни хеле мушкили драма таълим медиҳад. Борҳост, ки шогирдонашро ба саҳани тамошо мебарорад.

- Заҳмати устодро аз рӯйи шогирдон муайян мекунанд. Аз ин хусус назаратонро фаҳмидан мехостем.

- Мушаххасан як чизро гӯям? Моҳи апрели ҳамин сол ба гиромидошти Ҳофизи халқии Тоҷикистон шодравон Дӯстмурод Алиев телевизиони «Баҳористон» қариб ду соат ҳунарнамоии шогирдони муассисаи моро намоиш дод. Инҷо ҳофизӣ ҳам буд, рақс ҳам буд, шашмақомхонӣ ҳам буд, навозишу шеърхонӣ ҳам буд. Баромадкунандаҳо дар маҷмӯъ шогирдони ҳамаи омӯзгорони буданд. Дар алоҳидагӣ гӯем, шогирди устод Ҳабибулло Мирзошарифов Фаррух Раҳимов (аз деҳаи Сарой) дар телевизиони «Сафина» баромад кард. Ӯ истеъдоди фавқулодда дорад: ҳам най менавозад, ҳам фалакӣ месарояду ҳам шашмақом мехонад. Ҳоло 12-сола аст, балоғаташ наздик шавад, боварӣ дорам, машҳури Тоҷикистон мегардад. Мо, албатта, ӯро аз зери таваҷҷуҳ дур намегузорем. Шогирди дигари муассиса Шукрона Сангова дар озмуни ҷумҳуриявии шашмақомхонҳо дар шаҳри Турсунзода ҷойи ифтихориро соҳиб шуд. Ӯ худро ба санъат бахшидааст. Шукрона дар раққосагӣ ҳамҳамто надорад. Сурудҳои халқиро низ моҳирона месарояд. Шагоирди омӯзгор Файзалӣ Шамсов Шукрулло Шамсзода, ки акнун ба 12 қадам монд, рубоби афғониро хуб менавозад. Ӯ дар озмуни ҷумҳуриявии «Сапеда» иштирок кард. Шогирди Шаҳло Назарзода Назрӣ Шоҳзода Сайёра ба Донишкадаи давлатии санъат ва дизайнери шаҳри Душанбе дохил шуд. Махсус қайд кардан мехоҳам, ки Шаҳло Назарзода дар давоми 2 соли фаъолият аллакай 30 шогирд дорад.

- Медонем, ки муассисаи шумо дар маҳал мактаб дорад.

- Дуруст. Мо 5 филиал дорем: дар Мискинобод, дар Бобои Валӣ, дар Файзобод, дар Меҳробод ва дар Сари Чинор. Омӯзгорони филиалҳо Қиёмиддин Худоёров, Алишер Гадоев, Файзалӣ Шамсов, Рустам Бобиев, Умеда Саидова, Наҷмиддин Миров, Абдуҷаббор Сулаймонов, Хайрулло Юсуфов бо дили гарму масъулияти баланд ба шогирдон дарс меомӯзанд. Ҳар кадом бо шогирдони тайёркардаи худ ифтихор доранд.

- Худи Ҷаҳонгул, роҳбари муассиса, бо чӣ фахр мекунад? Манзури мо муваффақиятҳои шахсии шумост?

- Тавре гуфтам, ман бо ҳайати омӯзгорони соҳибихтисоси худ фахр мекунам. Аз худ ҳаминро гуфтаниам, ки ғайри роҳбарӣ ба духтарчаҳо рақс ёд медиҳам. Донишгоҳи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистонро аз рӯйи ҳамин ихтисос хатм кардам. Агар шумо мушоҳида карда бошед, дар консертҳои калони филармонияи халқӣ тамошобинон ба ҳунари гурӯҳи 8-нафара, бо шавқу ризомандӣ қарс мезананд. Рақси онҳоро ман ба саҳна мондаам. Аз гурӯҳи ҳаштнафара печу тоби Садорату Судоба ба худам хеле писанд аст. Садорат Нурализода дар озмуни ҷумҳуриявӣ соҳиби мукофоти асосӣ - гран-прӣ гардид. Дигарҳо ба диплому ифтихорномаи Вазорати фарҳанг сарфароз шуданд.

- Мехоҳем хонандаҳо аз тарзи қабул, шартҳои воридшавӣ, шаклҳои таълим, бахшҳои омӯзишӣ огоҳ бошанд.

- Имсол 235 нафар шогирд доштем. Аз ин 17 нафар хатм карда, соҳиби шаҳодатнома шуданд. Воқеан, ба хатмкунандаҳо ҳамин гуна ҳуҷҷат медиҳем. Ба муассисаи мо кӯдакони аз 9-сола боло қабул карда мешаванд. Таълим ройгон аст. Дохилшавандаҳо аз рӯи завқу шавқашон ба бахшҳои омӯзиши асбобҳои миллӣ, ҳамчунин рассомӣ, кулолгарӣ, драмавӣ ва рақс ҷудо карда мешаванд. Мо ҳамеша интизори кӯдакону наврасоне мебошем, ки падару модаронашон аз завқу истеъдоди онҳо огоҳ ҳастанд ва олами зебои онҳоро дарк мекунанд.

                                                                                          Мусоҳиб Ҷ.БАҲОРОВ.