Ср07182018

Last updateПн, 16 Июль 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ДӮСТИИ ТОҶИКОНУ УЗБЕКОН ПОЯНДА БОД!

Насими дӯстии мо вазон аст,

Баҳори ошноён бехазон аст.

Бистуҳафтумин баҳори соҳибистиқлолӣ барои халқҳои тоҷику ӯзбек, ки дӯстию решапайвандиашон аз қаъри асрҳо об мехӯрад, пайки шодию нишот, ҳамбастагӣ ва ҳамдилӣ овард.

Насими фараҳафзои наврӯзӣ абрҳои сиёҳро, ки солҳо фазои ҳамсоягонро фаро гирифта буд, дур кард. Тасдиқи ин гуфтаҳо қиссаи тақдири як нафар ҳамватани мо Зоҳир Темуров аст, ки гирдоби зиндагӣ ӯро ба кишвари ҳамсоя бурдаву шаҳрвандии он давлатро қабул кардааст ва ҳамзамон ин қисса аввалин натиҷаҳои неки вохӯриҳои сарони ин ду кишвари бо ҳам ҳамсояву дӯст ба шумор меояд.

Ӯ пас аз анҷоми таҳсил дар мактаби миёна назди худ мақсад гузошта буд, ки барои дастгирии аҳли оила соле чанд кор карда соҳиби маблағи зарурӣ мегардаду баъд идомаи таҳсилашро дар яке аз донишгоҳдои ҷумҳурӣ ба анҷом мерасонад. Аммо чуноне ки мегӯянд: «Гапи хона ба бозор рост намеояд». Ба шаҳри бостонии Самарқанд ба мардикорӣ рафту омаданаш даҳсолаҳо тӯл кашид. Бо амри зарурат барои кор аз шаҳри Самарқанд ба Бухоро рафту дар он ҷо оиладор шуд. Орзуи ҳамроҳи келин ва нахустфарзандаш ба аёдати пайвандонаш ба ватан омадан дошт. Боз ҳам қисмат ба орзую армонҳои ӯ бозии навбатӣ кард. Муносибатҳои сиёсии байни Ӯзбекистану Тоҷикистон ба ҳадди ниҳоӣ расиданду марзҳо маҳкам шуданд ва дигар барои рафтуои одамон, ки решаҳои ҳазорсолаи хешутаборӣ ва ҳамсоягию рафтуомад доштанд, қариб ба тамом қатъ гардид. Раводиди дутарафа ҷорӣ гардид. Дар ин муддати зиёди дурӣ танҳо як маротиба бо мушкилиҳои сангин ба маросими дафни падар омаду тамом. Дар ҷанозаи модар омада натавонист.

Гоҳе, ки ин андешаҳо рӯйи қоғаз меомад, ӯ дар ҳалқаи пайвандон, дар фазои пур аз муҳаббату меҳр суҳбат мекард. Ҳар гоҳ ки рӯзҳои гузаштаро пеши рӯ меовард, чеҳраи ӯро осори гарду  чанги  нороҳатӣ фаро мегирифт:

-Ба Худованди бузург ҳазорҳо маротиба шукргузорӣ мекунам, ки ба чунин рӯзҳои хушӣ расидем. Зеро аснои ҳукмравоии режими Ислом Каримов чунин рӯзҳои нек барои мо як орзуи дастнорас буд, ҳатто то он ҷо, ки шабу рӯзро мо ба ёди ин лаҳзаҳои саид сипарӣ мекардем. Ва боз ҳам ситоишу сипоси беҳад Худованди бузургро, ки чунин рӯзро дидем. Ин ободӣ, ин дигаргуниҳои азиме, ки дар ин муддат дар Ватан ба амал омадааст, касро дар ҳайрат мемонад. Мо ва мобаринҳо, ки шумораашон ҳам дар Ӯзбекистон ва ҳам дар Тоҷикистон хеле зиёданд, як умр аз сарварони хирадманду дурандеши худ миннатдорем. Бо тамоми қатъияту боварӣ мегӯям, ки ҳар як фарди сокини Бухорою Самарқанд ва дар умум тамоми мардуми Ӯзбекистон ин рӯзро интизор буданд, ҳамчунин онро хушбахттарин рӯзи ҳаёташон мешуморанд. Чунки сарнавишту қисмати монанд ба қисмати ман насиби бисёре аз шаҳрвандони мо гардидааст.

Baқтeки ҷараёни суҳбат дар бораи вазъияти имрӯзаи будубоши тоҷикони муқими Бухоро сурат гирифт, Зоҳир гуфт, ки тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳри Бухоро аз сиёсати имрӯзаи сарвари давлаташон ба куллӣ қаноатманданд  ва ӯро дастгирӣ мекунанд, зеро бо ба сари қудрат омаданаш бо мардуми ниёзманди манзили зист қитъаи замин ва қарзҳои дарозмуддат таъйин намуд. Беморони вазнинеро, ки имкони моддии ҷарроҳӣ кардан надоранд, аз ҳисоби давлат барои ҷарроҳию табобат ба хориҷи кишвар мефиристад.

Ғайр аз ин ба халқияту миллатҳое, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, имконияти дар муассисаҳои таълимӣ бо забони модарии худ таҳсил карданро фароҳам овард, ки то замони ба сари қудрат омадани он ғайриимкон буд ва муҳимтар аз ҳама имкони равуои байни Ӯзбекистону Тоҷикистон бе ягон мамоният ба роҳ монда шудааст, ки мардум солҳо орзуи онро доштанд. Худо кунад, ки сиёсати имрӯзаи сарони ҳар ду кишвар идомаву пойдор бошад, то барои мо аёдати наздикон озоду  осон муяссар гардад.

И. ҚАЮМЗОДА, узви Иттиҳоди 

рӯзноманигорони  Тоҷикистон.