Ср07182018

Last updateПн, 16 Июль 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ОБУ БАРҚ

 

ЧАРО МАРДУМ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАБАРИРО САРИ ВАҚТ НАМЕСУПОРАНД?

Чун вакили мардумӣ борҳо шоҳиди он мегардам, ки қариб дар ҳар  маҷлиси ҷамоати шаҳрак масъулон ва мардум сари масъалаи вазъияти таъмини обу барқ, напардохтани ҳаққи истифодаи он гуфтугузор мекунанд. Дар рафти муҳокимаҳо масъулон айбро болои мардум бор мекунанду мардум баракс. Ва мо барои рӯшанӣ андохтани ин баҳсҳои беохиру беҷавоб суҳбате доштем бо намояндагони ин муассисаҳои хизматрасон.

Дар ҳақиқат ҷамъ намудани ҳаққи хизмати об, партоб, ташноб барои мо душвор аст, - гила мекунад сармуҳосиби идораи КВД «Хоҷагии манзили коммуналӣ» Ғаффор Юсуфов ва меафзояд. -  Мо баҳри иҷрои ин масъала 5 нафарро ба 32 кӯчаи шаҳрак вобаста намудаем. Онҳо аз рӯи рӯйхати гирифта аз Ҷамоати шаҳрак ба ҳар як оила аз рӯи нафарони дарқайдбуда дар мувофиқа бо шаҳрвандон шартнома мебандем. Аз рӯи шартнома ҳар кас ҳаққи солонаи истифодабарии хизматрасониҳоро пардохт намояд. Мутаассифона, ёфт мешаванд нафароне, ки то охири сол ин маблағро намесупоранд. Маҷбур мешавем рӯйхати қарздоронро ба мақомоти танобкаш пешниҳод намоем. Масалан, аз соли гузашта баъзе сокинони кӯчаҳои ба номи Саид Ҷалол, Турсунзода, Рӯдакӣ, Ҷомӣ, Чинаӣ то ҳол қарзҳои обу партобу ташноби худро насупоридаанд. Дар рӯйхати идора қатори оилаҳои миёнҳол номи одамони соҳибвазифа низ ҳастанд. Иқрорем, ки баъзан сабабҳое мешаванд, ки мо сари вақт партобҳоро аз кӯчаҳо гирифта наметавонем. Аҳён ҳам бошад, баъзан ба мардум об кам дода мешавад. Аз рӯи ҳисобҳои мо, ки дар ду ҳавзи 500 куба об захира карда мешавад, агар мардум онро сарфакорона истифода баранд, об ба пуррагӣ ба тамоми сокинони кӯчаҳо мерасад. Лек борҳо шоҳиди он ҳастем, ки дар кӯчаҳо аз сабаби набудани ҷумак об беҳуда мерезад. Аз беаҳамиятию бепарвоии сокинон партоб ба ҷойи даркорӣ не, дар сари роҳу гузаргоҳҳо партофта мешавад, ки табъи ҳар як роҳгузарро хира месозад. Напардохтани маблағи истифодаи обу ташнобу партоб кори ҳаррӯзаи моро душвор мегардонад. Зеро мо маблағҳои пардохтшударо барои насосҳои обкаш, хатҳои обкаш, кашондани партобҳо ва маоши коргарон истифода менамоем.

Вазъияти имрӯзаи супоридани маблағи барқ низ боиси нигаронист. Зеро қувваи барқи истифодашуда ҳар моҳ аз ҳисоби муштариёни иҷтимоӣ, яъне аҳолӣ ба хароҷоти барқи истифодашуда баробар шуда наметавонад. Рӯз то рӯз муштариён бо роҳу усулҳои гуногуни дуздӣ барқро истифода мебаранд. Мо барои ошкор намудани ин ҳолаҳо рейдҳои шабона ташкил менамоем. Дар чор моҳ кормандони мо 58 санад аз болои худсарона ноқилҳоро берун аз ҳисобкунакҳо пайваст намудан, болои ҳисобкунакҳо гузоштани порчаи «оҳанрабо» бо мақсади кор накардани ҳисобкунакҳо тартиб додаем. Маблағи ҷарима 17 ҳазору 337 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 11 ҳазору 572 сомониаш пардохт шудааст. Ҳолатеро ҳангоми яке аз чунин рейдҳо дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев ошкор намудем, ки хонаводае бо роҳи барқи дуздӣ дар бочкаи 100-литра обро шабонарӯз гарм нигоҳ медошт. Сабаб пурсидем! «Чӣ, ҳамеша оби гарм доштан дар хона магар гандагӣ дорад?» -  ҷавоб гардонд ӯ. «Дузд соҳиби говро бастааст»-мегӯянд, ки дуруст аст. Натиҷаи ҳамин гуна беинсофиҳост, ки мо аз қувваи барқи истифодашуда дар соли гузашта то ҳол қарздорем, -мегӯяд сармуҳосиби идораи фурӯши барқи ноҳия Шералӣ Зайниддинов.

Умуман домони муҳокимаронию гуфтугузор атрофи паҳлӯҳои ин масъалаҳо ба дарозо мекашад. Магар ин ҳалли масъала аст? Як чизро бояд фаромӯш накунем, ки ҳар як сокини диёр бояд дуруст дарк намояд, ки супоридини ҳаққи истифодаи обу барқу андози замин ва дигар намудҳои хизматрасонӣ шарту зарур аст. Кумитаҳои маҳалла бояд ба ҳар як шаҳрванд зарурияти ин масъаларо фаҳмонанд.

Фаромӯш набояд кард, ки сарфаю сариштакорӣ дар ҳама кор омили пешрафти ҳаёту файзу баракат дар хонадони мост.

М.ТАҒОЕВА, хабарнигори «Набзи Файзобод».