Вт10232018

Last updateПн, 22 Окт 2018 9am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

14 ИЮН БА ТАЪСИСЁБИИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД 87 СОЛ ПУР ШУД- КИШВАРЕ АЗ ВАШГИРД ЁДГОР

 

 Ҳар кӣ аз ин мулк бо табъи равоне меравад,

Меҳри Файзобод дар дил бо ҷаҳоне меравад.

 Санаи 14 июни соли 1931 барои ноҳияи Файзобод ҳамчун рӯзи ҷудокунии марзи ҳудудӣ ва  шинохти маъмурӣ дар даврони шӯравӣ эътироф гардидааст. То ба ин рӯз, пас аз сарнагун шудани Аморати Бухоро ва ташкил гардидани Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро, Файзобод яке аз туманҳои водии Ҳисор маҳсуб мешуд. Вақте Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон (соли 1924) ва Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1929) ташкил ёфтанд, ҳудуди имрӯзаи Файзобод (ба ғайр аз ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод) дар тобеияти ноҳияи Янгибозор, шаҳри Ваҳдати ҳозира қарор дошт. Мустақилияти ноҳияи Файзободро Кумитаи Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон бо қарори № 32 аз 14 июни соли 1931 қонунӣ гардонд.   Ба тобеияти ноҳияи Файзобод нуҳ ҷамоат дохил мешуд: Файзобод, Гумбулоқ, Хоҷамард, Дубеда, Диишо, Шолипая, Норак, Чакалӣ, Меҳрозӣ, ва қисми деҳаҳои ҷамоати Яккабед (аз рӯи салоҳдиди кумитаҳои иҷроияҳои Файзободу Янгибозор). Маркази ноҳияи Файзобод деҳаи Дарагиён муқарар карда шуда буд.

Мебинем, ки санаи 14 июни соли 1931 барои Файзобод ҳамчун рӯзи ҷудокунии марзи ҳудудӣ ва шинохти маъмурӣ дар даврони шӯравӣ эътироф гардидааст. Ин гӯшаи Тоҷикистони маҳбуб чун бисёр дигар манотиқи кишвар тарихи куҳани мавҷудияти худро дорад.

Омӯзгори шинохтаи ноҳия Зариф Собир бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ таъкид медорад, ки :

Ин гӯшаи Тоҷикистони маҳбуб чун бисёр дигар  манотиқи кишвар таърихи худро дорад. Мувофиқи кашфиётҳое, ки тазкиранависону муаррихони пешин ва бостоншиносони имрӯза ноил гардидаанд, собиқаи он ба 2500-3000 сол мерасад. Бостоншиноси заррабини тоҷик доктори илм, профессор Юсуфшоҳи Яқубшоҳ ба таърихи таълифи китоби “Авасто” таваҷҷуҳ зоҳир карда онро на 2700-сола, чи хеле ки барои ҷашнгирии он ҳамин таърихро муқаррар карда буданд, балки 3000-сола меҳисобад. Дар ҳамин муқаддасоти хаттӣ, яъне дар “Авасто” номи Вашгирд дар қисмати Яшт зикр меёбад. Модоме ин тавр аст, ҳеҷ шубҳае намемонад гӯем, ки Файзободи имрӯза мавҷудияти на кам аз 3000-сола дорад.

Мардуми Файзобод   дар ҳадди имкониятҳои мавҷуда ба оянда бо назари нек менигаранд.

Ба хусус дар даврони соҳибистиқлолии кишвар  Файзобод ба як гушаи ободу зебои Тоҷикистони биҳиштосо табдил ёфт.

 Соҳаи кишоварзӣ, ки заминаи асосии иқтисоди молиявии ноҳия мебошад, дар муқоиса бо чанд соли пешин  тараққӣ кард.

Дар Файзобод яке аз калонтарин корхонаҳои мурғпарварии мамлакат - Ҷамъияти саҳомии кушоди “Мурғи ҳилол” фаъолият менамояд.   Маҳсулоти корхонаи Файзобод қариб дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ харидор дорад. 

Сафарҳои кории Президенти кишвар ба Файзобод - 30 майи соли 2008, 15 июли соли 2011, 10 апрели соли 2014 - ва дастуру супоришҳои ӯ ба иқтисодиёти ноҳия, хусусан рушду тараққии соҳаи аграрӣ такон бахшиданд. Дар сафари соли 2008 аз ҳисоби фонди захиравии Президент барои бунёди маркази саломатӣ ва тавассути қубурҳо аз мавзеи Чува ба маркази ноҳия овардани  оби ошомиданӣ маблағ ҷудо карда шуд. Дар сафари моҳи апрел бошад, Эмомалӣ Раҳмон ба боғи 120-гектара дар деҳаи Даштимарзои ҷамоати деҳоти Қалъаидашт ибтидо гузошта, вобаста ба имкониятҳои мавҷудбуда дастур дод, ки солҳои наздиктарин домани боғистони нави Файзобод ба 4000 гектар паҳн гардад. Дар ҳамин асос мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барномаи хоса матраҳ намуд. 

Ободсозиҳои маркази ноҳия  рӯ ҷониби авҷ дорад.

  Бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ идораи ақди никоҳ ва коргоҳи ҷавонон, дармонгоҳ барои қабули 150 корафтода,   биноҳои “Ориёнбонк”   “Тоҷиксодиротбонк”   ва даҳҳои дигар ба чашм хеле зебо мерасад.

Соли ҳафтум аст, ки дар боғи фароғатӣ – фарҳангии “40 – солагии Ғалаба” осорхонаю чойхонаи миллӣ дар хидмати мардум қарор доранд. Дар паҳлӯи даромадгоҳи боғ  бинои идораи давлатии андози ноҳия қомат гирифт. 

Симои деҳот низ ба куллӣ дигар шуд.  Хусусан марказҳои маъмурии ҳокимиятҳои маҳаллӣ ба таври шинохтанашаванда рӯйи тағйир мебинанд. Ба мисол, деҳоти Меҳробод (Гумбулоқи пешин) ва Файзобод,  имрӯз аз тобиши фурӯшгоҳҳову нуқтаҳои хизматрасонии зебои чандқабата назаррабо шудаанд. 

Мардумони шарафманди диёр, имрӯзҳо бо роҳбарии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии кишвар  Миралӣ Раҷабзода баҳри дар сатҳи баланд ва дастовезҳои намоёни меҳнати таҷлили     ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти кишвар  пурсамар меҳнат карда истодаанд.  Кушиши сокинони ноҳия баҳри  ба як ба як гушаи зебову дидании Тоҷикистон азиз  табдил додани Файзобод аст.