Ср06202018

Last updateВт, 19 Июнь 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

БЕМОРИИ БРУТСЕЛЛЁЗ ЧИСТ?

 

Солҳои охир, хусусан дар ҳудуи як қатор ҷамотҳои ноҳия бемории сироятии буғумдард (брутселлёз) хурӯҷ кардааст. Аз сабаби риоя накардани ҳолати беҳдоштӣ шумораи гирифторони бемории буғумдард зиёд шудааст, ки, албатта, ин ташвишовар ва боиси хароҷоти зиёди беморон шудааст.

Буғумдард бемории бардавоми сироятӣ буда, онро микроби «Бруселла» ба вуҷуд меорад. Манбаи сироят барои одамон асосан ҳайвонҳои хонагӣ (буз, гӯсфанд, гов) мебошанд. Роҳҳои асосии сироятёбӣ истеъмоли шири хом, маҳсулоти ширӣ, гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, ҳангоми нигоҳубини чорвои бемор, дар вақти наслгирӣ ва бачапартоӣ, ҳангоми забҳ намудан, тарошидан ва ғайра мебошад.

Аломатҳои асосии беморӣ: номунтазам баландшавии ҳарорати бадан, хастагӣ, арақшорӣ, дарди сар, дарди буғумҳо ва мушакҳои тамоми бадан, таваллуди пеш аз муҳлат (бачапартоӣ), суст шудани қобилияти корӣ.

Роҳҳои пешгирии беморӣ: Дар ҳолати мушоҳида намудани аломатҳои бемории буғумдард фавран ба духтурон муроҷиат намоед. Таркиби микроб ва заҳри микроб дар буғумҳо, дар ҷигар ва дар дигар узвҳои муҳими организм солҳои тӯлонӣ боқӣ мемонад. Доимо баъди сари кор доштан бо чорво ва маҳсулотҳои он дастонро ҳатман бо собун шӯста, ширро фақат баъди 5 дақиқаи ҷӯшониданаш истеъмол намудан мумкин аст. Кӯдакон ва занони ҳомила ҳангоми нигоҳубини чорво бояд эҳтиёт шаванд.

Чорвои беморро аз дигар чорво ҷудо намуда, фавран ба духтури бойтор хабар додан лозим аст.

Сайдалӣ САНГОВ, духтури сироятшиноси дараҷаи тахассуси олӣ, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.