Пт12142018

Last updateВт, 11 Дек 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

МУАРРИФГАРИ САНЪАТИ НИЁГОН

Тоҷикон дар рушди фарҳанги башарӣ аз замонҳои бостон то имрӯз бо ҳунарҳои гуногуни мардумии худ ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори адабии классик ва рӯзгори кунунии мардуми тоҷик назар андозем, пеши рӯ ҳунарҳои зебое ҷилвагар мешаванд, ки ҳазорон сол умр доранд.дар тӯли солҳо мо нишонаҳои фарҳанги бостонии хешро дар пайванд бо табиат, инкишоф додем. Ин нукта дар “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» садо дод .

Вазифаи имрӯзиён иборат аз он аст, ки нисбати ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.

Бофандагию гачкорӣ, гаҳворасозӣию гулдӯзӣ, гилембофию гулобкашӣ, дегдонсозию дуредгарӣ, заргарию зардӯзӣ, кандакорию кафшдӯзӣ, қолинбофию қуроқдӯзӣ, сабадбофию табақтарошӣ ва амсоли инҳоро метавон намунаи беҳтарини ҳунарҳои мардумии тоҷик номид.

Дар диёри мо ҳам шумораи ашхоси ҳунарманд кам нест. Мавҷуда Сидиқова яке аз занҳои деҳотиест, ки ин ҳунару маҳорат ва қобилияту завқи баланди офариниши ҳунарҳои мардумиро дорад. Ӯ чевариро давраи мактабхонӣ аз модаркалонаш омӯхтааст. Дар аввал танҳо шероздӯзӣ мекард. Баъдтар бо тавсияи модар гулдӯзиву кашидадӯзиро аз бар намуд. Чун дасташ ба сӯзан задан одат карду аз тори риштаҳо гулдастаҳо омода сохт, ба ин пеша меҳраш фузун гардиду пайваста маҳораташро сайқал дод. Имрӯз ӯ ҳам медӯзаду ҳам мебофад. Пайваста бо фармоиши нафарони эҳтиёҷманд гулдӯзиву кашидадӯзӣ, ҷӯроббофию қуроқдӯзӣ мекунад. Дастони моҳираш ба мардуми деҳаи Қалъаидашт биёр расидааст.

Иловатан, ӯ дар маҳфилу ҷашн ё чорабиниҳои сатҳи ноҳия ва ҷумҳурӣҳамчун намояндаи фарҳангу ҳунарҳои мардуми Қалъаидашт иштирок мекунад.

Мавҷуда Сиддиқова пайваста меомӯзаду мехонад. Кӯшиш мекунад, ки ҳунарашро сайқал диҳад ва дар хизмати доимии сокинони диёр бошад.

Р. Собир, “НФ”.