Ср06202018

Last updateВт, 19 Июнь 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

НОЛАИ ҶОНСӮЗИ ПАДАР

Падару модар дарахти сабзи низоми ҳар як халқият аст, ки фарзандон меваҳои шодоби он мебошанд. Волидайн замини пурбаракатеанд, ки бо неруи меҳрашон метавонанд насли наврасро барои рушду шукуфоии ояндаи миллат роҳнамоӣ кунанд.

Дар китоби муқаддаси Қуръони Маҷид чандин маротиба аз эҳсон ва некӣ ба падару модар сухан ба миён омадааст ва аҳамияти он то ҷое мебошад, ки пас аз тавҳид ва парастиши Парвардигор, некӣ ба падару модар аз муҳимтарин супоришҳои Худованди мутаол аст. Шукргузорӣ аз падару модар дар канори шукргузории Худованд ёд шудааст.

Воқеан ҳам? волидайн дар ранҷурии фарзанд ранҷур ва аз хурсандии онҳо болидахотиранд. То ба камолот расидани фарзанд чи ранҷу машаққатҳо мекашанд, ожангҳо дар чеҳраи зебои онҳо пайдо мешавад, қомати  сарвину алифсони онҳо камонсифат мегардад, Бахту саодати хешро нисори фарзандон месозанд, аз ин рӯ, воҷиб аст, ки иззату икроми волидайнро ба ҷо биоранд.

Маҳз барои ҳамин Қуръони карим ба фарзандон, ҳатто иҷозати «уф» гуфтан ба волидайнашонро надодааст: «Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш (дигаре)-ро ибодат макунед; ва ба падару модар  накӯкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо ё ҳарду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ!  Ва аз (ҷиҳати) меҳрубонӣ бозуи  фурӯтаниро барояшон паст кун ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман,  бар онҳо бибахшоӣ, чунончи маро дар хурдсолӣ парвариш карданд!» (Сураи «Исро», оятҳои 23-24).

Дар ҳадисе аз Паёмбарамон омадааст, ки: “Се дуо ба  даргоҳи Худованд мустаҷоб аст: дуои мазлум, дуои мусофир ва дуои падару модар. Ҳар як мусулмон бояд аз ин дуоҳо парҳез ва канораҷӯӣ намояд. Банда аз зулм парҳез кунад, мусофирро наранҷонад ва волидайнро  фармонбардорӣ кунад, то дуои неки онҳоро соҳиб шавад, на дуои бадро”.

Мақсад аз ин муқаддима таъкид бар он аст, ки дар шароити имрӯз эҳтироми волидайн шарт ва зарур аст. Зеро пайваста рух додани амалҳои террористиву ташкили ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва бо роҳи фиреб бо баҳонаи ҷиҳоду ҷаннат ба коми марг кашидани ҷавонон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша намудан водор сохтааст.

Ғаюр Розиқови 75-сола аз деҳаи Дурахшони Ҷамоати деҳоти Чашмасор имрӯз сӯзи фироқи се писари гумроҳашро мекашад, ки ҳамроҳашон келинҳову панҷ набераи ҷигарбандаш ба гирдоби найранг печидаанд.

Маҳмадрасулу Сафаралӣ ва Абдулманон аз фарзандони бузурги ин пири ҷафодидаанд, ки ба ҷойи дар айёми пирӣ дастгираш будан, ранҷу озору азияташ медиҳанд. Воқеан ҳам, таровиши ашки ҷигарсӯз аз чинҳои рухсорааш касро ошуфтаҳол мекунад. Падар чи гуна ба коми фиреб афтодани онҳоро меандешад. Ва ҳар лаҳза мунтазири пайғоме аз эшон аст.

“Зиндагии бад ҳам надоштем. Аз касе ҳам қарздор нестем. Бачаҳо монанди дигар ҳамсояҳо ба Русия мерафтанд. Баъди 4-5 моҳ боз меомаданд. Ҳарсеяшон ҳам соҳиби замини наздиҳавлигӣ буданду нияти хонаандозиро доштанд. Намедонам, ки онҳоро фиреб карду зиндагии ширинамро талху сиёҳ намуд”-мегӯяд бобои Ғаюр.

Акнун дигар чи илоҷ ҷуз ангушти надомату пушаймонӣ газидану ғарқи ғаму ғусса гаштан фақат чунин таъкид ба хотир меояд: “Ҳар як падару модар барои фарзандони худ бояд    намунаи ибрат бошанд, то дар камолоти онҳо нақши муассире бозанд”. Таълиму тарбияти дурусти фарзандон, манъ намудани онҳо аз корҳои зишту нораво, аз қабили даст задан ва ширкат намудан  дар амалиёти ифротгароӣ, рехтани хуни ноҳақ чӣ дар дохили кишвар, чӣ дар хориҷ, дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамидаю писандида тарбия намудани онҳо талаботи ҷомеа мебошад.

Аз Ибни  Масъуд (раз.) ривоят аст, ки эшон фармуданд: «Ё Расулаллоҳ, кадом амал беҳтар аст? Расулуллоҳ фармуд: Гузоридани намоз дар вақташ. Гуфтам: Баъд кадом? Эшон фармуд: Накӯӣ бар падару модар. Гуфтам: Баъд кадом? Эшон фармуд: Ҷиҳод дар роҳи Худо».

Пас, агар хизмати падару модар пеш аз ҷиҳод дар роҳи Худо бошад (ҳол он ки ҷиҳоди мегуфтаи онҳо ҷуз ваҳшонияту қатлу ғорат нест), чаро ҷавонони мо инро нодида гирифта, даст ба худкомагиву зулму ситам мезананд. Эҳтироми падару модар барои ҳар фард воҷиб аст ва бояд ҳаргиз иҷозат надиҳем. Зеро ки биҳишти хонадон модар асту сутунаш падар.

Аҳволи зори пирамарди 75-солаву аҳли хона дарси ибрату ҷӯёи роҳи дурусти тарбияи фарзандон аст. Бояд фарзандҳо аз доғтар кардани номи волидайн ва ба ғаму андӯҳ гирифтор шудани онҳо дасту дил шӯянд. Зеро гуноҳест нобахшиданӣ.

   Собир РОЗИҚОВ,

хабарнигори “НФ”.