Вт09252018

Last updateПт, 21 Сен 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ҲАММОМ

 Покӣ ва назофат аз сифатҳои ҳамидаи инсонӣ ба шумор меояд. Зеро масъалаи покӣ дар ҳамаи адабиётҳои халқ ва миллатҳои гуногун ва бо беҳтарин сифатҳо ёд ва васф шудааст. Чун гоҳи дар мавриди покӣ сухан рафтан, гуфтор аз боби ҳам покии ҷисмонӣ ва ҳам покии рӯҳӣ меравад. Чаро ки покии рӯҳ аз покии ҷисм бармеояд. Аз ин нигоҳ ҳар як инсон бояд ба покии ҷисм аҳамияти бештаре диҳад .

Маданияти ҳаммомсозию ҳаммомдорӣ дар кишвари мо таърихи куҳан дошта, гузаштагони бузурги мо ба он аҳамият ва таваҷҷуҳи аввалдараҷа медоданд. Дар ин маврид ба ёд овардани ҳикояти Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар “Сафарнома”-аш кофист, ки гузаштагони мо ба чӣ гуна масъулияту диққат сари ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир менамудаанд.

Бо камоли хушӣ метавон гуфт, ки Ҳукумати мамлакатамон ба ин масъалаи бисёр зарурӣ имрӯз диққати асосӣ дода истодааст. Тасдиқи гуфтаҳои болоиро   мо дар суханронии Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати моҳи шарифи Рамазон аз 12 майи соли 2018 бараъло дида метавонем, ки он боварию эътиқоди моро ба ояндаи нек боз ҳам қавӣ мегардонад. Президенти кишвар ба ин масъала махсус таваҷҷуҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки: ”...бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинондани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки анҷом дода мешаванд... . Дар хотир бояд дошт, ки тибқи таълимоти ислом барои ободии Ватан анҷом додани чунин амалҳои хайр низ ибодат буда, аҷру савоби онҳо барои шахсоне,ки ба корҳои неку савоб иқдом мекунанд,бардавом ва ҷория аст.”

Боиси зикр аст, ки имрӯзҳо дар бисёр марказҳои деҳоту шаҳраки ноҳияҳои кишвар ҳаммомҳои навсохту замонавӣ мавриди амал қарор дорад. Аммо ҳалли ин масъала дар шароити деҳот ва аксари марказҳои ҷамоатҳои ноҳияи мо мувоҷеҳ ба мушкилотҳои зиёдест. Мушкилӣ аслан дар сари иқдом накардани раҳбарони ҷамоатҳову соҳибкорону тоҷирони маҳаллист. Ҳол он ки дар ҳудуди ноҳияи мо деҳаҳое чун Заркамар, Элок, Ҷавонон, Файзобод, Лолагӣ,Чилчашма ва чандеи дигар мавҷуданд, ки аз ҷиҳати нуфузи аҳолӣ хеле калонанду дар онҳо чунин намуди нуқтаҳои хизматрасониҳо вуҷуд надорад.

Дар як худи Ҷамоати деҳоти Мискинобод , ки беш аз 17 ҳазор сокин дорад, мутаассифона, ҳатто ҳаммом ё кошонаи ҳусн фаъолият намекунад. Айнан чунин вазъиятро дар Ҷамоати деҳоти Чашмасор, Ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашт низ дидан мумкин аст. Дар ҳоле, ки қариб дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба доштани чунин муассисаҳои хизматрасонӣ ниёзи аввалдараҷа доранд. Ҳарчанд ки, бо иттиллои намояндагони ин ҷамоатҳо дар нақшаҳои ояндаи онҳо сохтмони чунин муассисаҳои хизматрасонӣ дар назар аст, вале кай?...

Дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон бо ибтикори соҳибкор Ҳоҷӣ Ашӯр корҳои сохтмонии ҳаммоми ҳозиразамон дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар ҳоли идома доштан аст. Ҳамчунин дар маркази Ҷамоати деҳоти Меҳробод соҳибкор Солеҳов Абдулмаҷид тасмим гирифтааст, ки худи ҳамин сол бунёди сохтмони ҳаммомро ба анҷом расонида ба истифодаи умум вомегузорад. Дар Ҷамоати деҳоти Бӯстон бошад, мувофиқи гуфтаи намояндагони ин ҷамоат, дар даромадгоҳи ноҳия соҳибкор бо номи Киромиддин ҳаммоми ҳозиразамон сохтааст, ки ба воситаи ангишт гарм карда мешавад, вале аз чӣ бошад то ҳол пурра фаъолият намекунад.

Гузашта аз ин ҳамон чанд муассисаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла ҳаммомҳоеро, ки дар замони шӯравӣ дар ин ё он ҷамоату маҳалҳо сохта буданд, имрӯз харобу валангор кардаанд ё шахсони воқеӣ ба тасарруфи худ даровардаанд ва барои анҷоми дигар корҳо истифода мебаранд, ки мазӯи навиштаи баъдии мо хоҳад шуд.

Ҳукматуллои БУЗУРГ, хабарнигори “НФ”.