Пт08172018

Last updateСр, 15 Авг 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ШУКРГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ БОШЕМ

 

Шукронаи Худованди бузург, ки моҳи мубораки Рамазон фаро расидаву мо дар даҳаи сеюми он қарор дорем, ва дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи онро озодона иҷро менамоем. Моҳи Рамазон давраи имтиҳони нафсу ҷисми инсонӣ буда, одамонро ба парҳезкорию боинсофӣ, футуввату саховатмандӣ, сабру таҳаммул, эҳтирому қадршиносӣ водор менамояд.

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар арафаи моҳи шарифи Рамазон (12.05.2018), ки, хушбахтона, банда низ иштирокчии он будам, Рамазони имсоларо барои мардуми кишварамон боз ҳам бобаракаттару гиромитар гардонд. Маърифату андешаи ҳамагонро оид ба мақому мартабаи ин моҳи шарифи Худованд, караму фазилатҳои он аз қабили хайру саховат, баракат ободкорӣҷалб намуд. Бояд зикр кунам, ки ҳар як нуқтаву таъкидҳои Сарвари давлат роҳнамои имрӯзу фардои сокинони кишвар, аз ҷумла мо, тақводорон мебошад.

Мо аз он ифтихор дорем, ки дар ватани ободу осоишта, орому пурфайз, бо роҳбарии чунин шахси хирадманд зиндагӣ карда, имкон дорем бе ягон мушкилӣ тамоми фаризаҳои дар ин моҳи шариф ва аҳкоми барои пайрави мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ муайяншударо иҷро намоем. Фаромӯш набояд кунем, ки чунин шароитро мусулмонони кам дар ками ҷаҳон доранд. Ҳар рӯз аз расонаҳои хабарӣ мебинему мешунавем, ки муслимини давлатҳои олам дар чӣ шароит зиндагӣ доранду чӣ хел хуни бегуноҳи онҳо рехта шуда истодааст. Гурӯснагию қашшоқӣ, норасоии оддитарин шароити зист, носолимии мардум дар аксар давлатҳои мусулмонӣҳукумрон аст.

Суханронии Сарвари давлатамон моро водор месозад, ки аз ин ҳама нобасомониву мушкилоти ҷаҳони имрӯз сабақу пандҳои ибратомӯз гирему аз хурд то калон, аз мансабдор то оддитарин кас шукронаи амонию осоиштагӣ карда, ба корҳои ободкорию пояндагии кишварамон дилгармона ҳамкорӣ намоем. Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, исрофкорию намоишкорӣ, зиёдаравию гурӯҳбозию тафриқаандозиро барҳам зада, бештар аз пайи таълиму тарбия, соҳибмаърифату ботадбир намудани фарзандон бошем, маънавиёти ҷавонону наврасонро бо дӯстию рафоқат, эҳтироми калонсолон, ҳуввияти миллӣ, раҳму шавқат, саховатмандӣ, мардонагӣ, ободкорӣ ва ватандустӣ пур намоем, дасти мададу кумак, хайру саховат ба ятимону бепарасторон ва дармандону камбизоатон дароз кунем. Чунин амалҳои шоиставу гиромӣ алалмудом амалӣ шаванд.

Гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар суханрониашон таъкид доштанд: "…ислоҳи вазъи маънавӣ ва иҷтимоие, ки бо сабру таҳаммул, хайру саховат, эҳтирому қадршиносии якдигар ва саодату оромии рӯҳ вобастагии бевосита дорад, танҳо дар як моҳи Рамазон маҳдуд нашуда, дар ҳаёти мо бояд ҳамеша вуҷуд дошта бошад. Зеро караму раҳмати Худованд беҳадду ҳамарӯз аст ва муъмин бояд аз он пайваста ғизо гирад", роҳнамои ҳаррӯзаи хеш қарор дода, дар атрофи роҳбарияти давлату ҳукуматамон боз ҳам зичтару қавитар истода, аз сиёсати созандаи пешгирифтаи Пешвои миллатамон пуштибонӣ намоем.

Ҷиёншоҳ НАЗАРОВ, имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи ДомуллошоҳиҶамоати деҳоти Меҳробод.