Ср06202018

Last updateВт, 19 Июнь 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

НОНВОЙХОНА ДАР ДЕҲАҲО ДАРКОР АСТ!

Дар идораи нашрия масъалаи зарур будан ё набудани нонвойхона дар деҳаҳо ба миён омаду мо ба кӯча баромадем, то фикри мардумро бипурсем. Аз чанд ҳамсуҳбате, ки бо онҳо назди ду-се нонвойхонаи мавҷуда ва роҳи сӯи беморхона вохӯрдем, аксарашон, ба хости дили мо, аз деҳот будаанд. Яке ду, дигаре чор, саввумӣ зиёдтар нон харидорӣ карда, ба суоли мо: «Оё дар қишлоқ нонвойхона даркор аст?»- саросар ба ҳамин мазмун ҷавоб гардонданд: «Бошад, хуб мешавад». Мақсад: агар дар деҳа нонвойхона мебуд, инҷо, дар маркази ноҳия навбат напоида, бемалол нон мегирифтанду ба аёдат меомаданд. Чанде аз ҳамсуҳбатон гилагузорӣ карданд, ки ташкили нонвойхона, ва, умуман воситаҳое, ки кори бонувонро сабук мегардонаду ба ҷойи аз паси хамиру фатир шудан, ба тарбияи фарзандон вақт сарф менамуданд, ё хубтар аз ин, беҳтар ғами роҳати худро медиданд, вазифаи ҷамоатҳои деҳот аст, ба дигар ифода мақомоти маҳаллӣ бояд шарики ғаму шодии мардум бошад.

Воқеан, чаро бонувони деҳот, чун шаҳриён, онҳое, ки ба қавле «нону оби тайёр» мехӯранд, ҳаққи истироҳату дамгирӣ надоштаанд? Хонаводае ҳаст, ки ҳар рӯз нон мепазад, зеро то 10-15, аз ин ҳам зиёдтар хӯранда дорад. Маълум, ки барои тасфондани дегдон асосан тапакро истифода мебаранд. Кам нест хонадоне, ки чорво дошта бошад. Пас онҳо чӣ кор кунанд? Ҳезум ҳам камчин. Хамирро то кай дари дегдони ҳамсоя мебарӣ? Дигар ин ки, хонаводае фақат аз пиру кампир иборат аст; хонаи дигар бемордор асту имконияти пурраи хамиршӯрию нонпазӣ надорад. Тасаввур кунед, ки ба хона меҳмон меояду нони карсон тамом шудааст. Дар ин ҳолат хуб нест, ки ба ҷои хонаи ҳамсоя рафта «як нон» пурсидан «давида» нонвойхона равию рӯи дастурхон нони гармакак гузорӣ? Шаҳриён аз ҳамин ҷиҳат бурд кардаанд, яъне бехабар омадани меҳмон онҳоро ташвиш намедиҳад, зеро медонанд, ки нонвойхонаи наздиктарин шабу рӯз кор мекунаду дар бозор ҳам чи ранг нон хоҳӣ, ҳаст.

Вобаста ба мавзӯъ бо чанд раиси ҷамоат дар тамос будем. Ҳама мавҷуд будани нонвойхонаро хуш пазируфтанд. Раиси Ҷамоати деҳоти Мискинобод Абдулҳамид Шоев аз он ки дар деҳаи Заркамар, яке аз деҳаҳои сераҳолии ноҳия, нонвойхонаи Дӯстмурод фаъолият мекунад, изҳори хушнудӣ кард. Дӯстмурод, фарзанди Тоҷиддин Сатторов, гуфт раис, нонҳои болаззат мепазад, нархаш ҳам арзон, ҳаштод дирам.

Дар як ҷамоати калонтарини ноҳия, ки ҳашт деҳа дораду зиёда аз 18 ҳазор аҳолӣ магар як нонвойхона басанда аст? Дар Мискинобод ду бозор амал мекунад, чандин нуқтаи савдою хизматрасонӣ мавҷуд аст. Мебоист, ин ҷо як то не, ду-се то нонвойхона бошад, то ҳам мардуми муқимӣ нон харидорӣ кунанду ҳам сафаракиҳо.

Ҳар касе аз шаҳри Ваҳдат сӯи Ромит рафта бошад, аз ду ҷониби роҳ якчанд нонвойхонаро дидааст. Шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ аз Файзобод мегузарад. Гузашта аз ин дар болотари ноҳияи мо сохтмони азими «Роғун» идома дорад. Магар бад мешавад, ки дар ҳудуди байни Файзободу Обигарм се-чор нонвойхона бошад?

Як чиз касро ба ҳайрат мегузорад, ки соҳибкорон бештар ба сохтмони фурӯшгоҳ талош доранд. Албатта, сабабаш маълум: осонакак даромад ба даст овардан. Ба андешаи мо, аз нонвойхона ҳам фоида дидан мумкин, фақат андак, ду ё се моҳ сабр металабад. Гапи дигар ин ки, барои соҳибкорони муваффақ (сарватманд) ба ҷуз фоида савоб ҳам даркор аст!

Масъулони Ҷамоати деҳоти Меҳробод гуфтанд: «Нонвойхона буд, барҳам доданд». Тамом ва салом. Кай дар фикри аз нав ба кор андохтани нонвойхона меафтанд, аён нашуд. Раиси Ҷамоати деҳоти Чашмасор Фатҳиддин Амонатов афсӯс хӯрд, ки бинои куҳнаеро таъмир карда ду адад дегдон шинонданд, хоҳишманде нест, ки нонпазиро ба гардан гирад. Хуб аст, ки назди ошхонаи инҷо кулча мепазанд. Раиси Ҷамоати деҳоти Ҷавонон Ҷаҳонгир Боев мақсад дорад, ки дар Дубеда нонвойхона созонад. Раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев Зайдулло Зубайдов боварӣ бахшид, ки як моҳ-ним моҳ пас нонвойхонаи мавҷуда ба кор хоҳад даромад.

Ҳамин тавр, гӯё ҳама (ҳамсуҳбатони мо ва раисони ҷамоатҳои деҳот) зарурати нонвойхонаро мехоҳанд. Пас, ғайрат карда, аз пайи иҷрои кор шудан даркор.

                                                                                                                      Ҷ.БАҲОРОВ, «НФ».