Вт10232018

Last updateПн, 22 Окт 2018 9am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

РАМАЗОН МОҲИ ХАЙРУ САХОСТ

Боиси қаноатмандии аҳли муслимини кишвар аст, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   бо намояндагони ҷомеаи кишвар мулоқот доир намуд ва боиси сарфарозист, ки ман ҳам дар он ширкат доштам. Сарвари давлат бори дигар аз фазилатҳои ин моҳи муборак ёдовар шуда, ҳамагонро ба накукориву хайру саховат ҳидоят намуданд.

Дар ояти 183-и сураи Бақара омадааст, ки «Эй касоне, ки имон овардаед, рӯзаи моҳи Рамазон бар шумо фарз гардонида шуд. Ҳамчуноне, ки бар миллатҳои пеш аз шумо фарз гардида буд, бошед, ки парҳезгор шавед»

Ҷаноби олӣ таъкид доштанд, ки бояд ҳар як мусулмон ин моҳро аз моҳҳои дигар фарқ карда, ҳурмати ин моҳи муборакро ба ҷо орад. Зеро Рамазон ин сулҳу субот ва покӣ аз нифоқ аст. Мувофиқи таълимоти ислом моҳи Рамазон моҳи нузули Қуръон, моҳи хайру баракат, моҳи ибодату аз ҳоли беморон ва муҳтоҷон хабардор шудан, моҳи аз буғзу адоват дур будан аст.

Сунати неки дигари ин моҳи муборак расонидани дасти кумаку хайру саховат ба ниёзмандон мебошад. Ҳамин аст, ки   Пешвои миллат дар ин маврид аз ояти 60-и сураи Тавба ёдовар шуданд: « Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва омилони садақот ва онон, ки дилҳошон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои қарздорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст ва Худо донои дурусткор аст».

Чунон, ки аз ин ояи карима бар меояд, садақаи фитр барои муҳтоҷу дардмандон пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин бо такя ба фармудаи ояти 286-и сураи Бақара мариди ёдоварист, ки бораи доштани ин моҳи муборак ба модарони ҳомила ва модароне, ки тифли ширхор доранд, маризону мусофирон ва онҳое, ки саломатию корашон имкон намедиҳад сабукиҳо оварда шудааст.

Боиси хушҳолии ҳар яки мо, аҳли муслимин аст, ки дар арафаи ин моҳи шариф Сарвари давлатамон ҳамагонро муборакбодӣ намудаву амалҳои хайру ободкориро аз мо тақозо доштанд.

Ба ин хотир хело хуб фармудаанд, ки:

Андар Рамазон хоки ту зар мегардад,

Чун санг, ки сурмаи ба сар мегардад.

Он луқма, ки хурдаӣ қазар мегардад,

В-он сабр, ки кардаӣ назар мегардад.

Носирхӯҷа Раҳимов,

сархатиби масҷиди ҷомеъи марказии ноҳия.