Вс09232018

Last updateПт, 21 Сен 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМИ ЭҲЁ МЕШАВАНД

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 дар қатори дигар хусусиятҳояш таъкид ба он аст, ки тоҷикон аз қадим мардуми ҳунардӯсту ҳунарманд буданд. Ҳунарҳои зиёдеро аз худ карда, аз ҳосили ин ҳунарҳо зиндагии осоишта ба сар мебурданд. Масъалаи мазкур дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид гардид.

Дар қатори дигар ҳунармандони кишвармон ноҳияи Файзобод низ ҳунармандони варзида ва машҳур дорад.

Таърихи деҳаи хушманзараи Сарой, ки ба зиёда аз 80 сол мерасад, мардуми меҳнатдӯст, ҳунармандони шинохта ва устоҳои моҳир дошт. Нахуст он чизе, ки ман ёд дорам, дар деҳа устохонаи усто Насриддин буд. Дар похсагини 7-болора сангдон ҷойгир буд, дар кунҷи дигараш оташдон ва саночҳои дамкунӣ, ки лахчаҳои оташи сӯхтаро равшан мекард. Усто аз оҳанҳои дар оташ сурхшуда дос, каланд, табар, теша, зоғнул, оҳани испор ва наъли асп тайёр мекард. Ин устохона то солҳои 70-уми асри гузашта барҷо буд. Дар солҳои охир бо пешрафи илму техника ин касб қариб аз байн рафт.

Боз дар деҳа осиёби Сафар мавҷуд буд, ки ба воситаи об кор мекард. Талаботи мардуми деҳа ва гирду атрофро таъмин менамуд. Имрӯзҳо баъди такмили системаҳои нави осиёбҳо, ки бо барқ кор мекунанд, писаронаш ҳоло ҳам ин ҳунарро давом медиҳанд.

Инчунин дар деҳа ду ҷувози равғанкашӣ, ки равғани зағир истеҳсол мекарданд: яке ҷувози Зариф, дигаре ҷувози Ғаюр, ки солҳои зиёд ба мардум хизмат карданд. Усто Ғаюр боз устои гаҳворатарош ҳам буд, ки аксарияти кӯдакони деҳ дар гаҳвораҳои сохтаи ӯ ба камол расидаанд.

Табар устои заргар буд. Аз тиллою нуқра чала, гӯшвор ва сару зебҳои занона тайёр мекард. Ҳунари ӯ дар гирду атроф машҳур буд.

Дар ҳунари чӯбкорӣ ва хонасозӣ ҳиссаи усто Собир хеле калон аст: аз чӯб ашёҳои рӯзгор – қошуқ, кафлес, курчак, чахниқ, чахчу ва дигар асбобҳоро месохт. Ин ҳунарро минбаъ устоҳои чӯбкор бародарон Маҳмадӣ ва Сабур Ғаюровҳо, амакашон Тағой Ҳакимов давом доданд.

Ин ҳунарро имрӯз устои дигар Сафомиддин Асоев ҳамчун табақтароши маъруф давом дода истодааст.

Устоҳо Сабур Ғаюров ва Сафомиддин Асоев чандин маротиба дар озмунҳои ҷашнӣ дар ноҳия ва чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён шудаанд.

Ҳунарҳои занҳои деҳа низ қобили қайд мебошад. Онҳо ҳунарҳои тоқидӯзӣ, танурсозӣ (чаҳлак), ҷомадӯзӣ, зардӯзӣ, дӯхтани сару либосҳои арӯси доштанд.

Намадмолӣ аз дӯстдоштатарин ҳунари мардуми деҳа буд. Агар ин ҳунарҳо аз нав эҳё шаванд, дар пешрафти иқтисодиёт ва фарҳанги миллии мо ҳиса мегузоранд.